Муколамаи сатҳи баланд оид ба сиёсат ва амният миёни Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ

Июнь 9, 2017 08:56

ДУШАНБЕ, 09.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бишкек 8 июн ҷаласаи навбатии Муколамаи сатҳи баланд оид ба сиёсат ва амният миёни Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони воломақоми Иттиҳоди Аврупо, ҳайатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон дар сатҳи муовинони вазирони корҳои хориҷӣ ширкат варзиданд. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини Вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода роҳбарӣ намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни ҷаласа иштирокчиён як қатор масъалаҳо, аз ҷумла  татбиқи Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ, мусоидат ба Афғонистон дар таҳкими сулҳу субот, рушди ҳамкории минтақавӣ ва мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои муштаракро мавриди муҳокима қарор доданд.

 

 

Июнь 9, 2017 08:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд