Намояндагони Ширкати «Moody’s Investors Service» бо рафти корҳои сохтмонии НБО «Роғун» шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 20.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мутахассисони Ширкати рейтингии байналмилалии «Moody’s Investors Service» ва коршиносони ширкати «Oppenheimer» барои шинос шудан бо рафти корҳои сохтмонӣ ба НБО «Роғун» сафари корӣ анҷом доданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллӣ хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, директори генералии ҶСК НБО «Роғун» Хайрулло Сафарзода ба меҳмонон дар бораи сохтмони иншооти бузурги аср дар Тоҷикистон, корҳои дар ин самт анҷомшуда, таърихи оғоз ва рафти татбиқи лоиҳа, инчунин нақшаҳои минбаъда маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Меҳмонон зимни сафари корӣ бо мутахассисони НБО «Роғун» мулоқот доир намуданд. Дар мулоқот коршиноси ширкати «Oppenheimer» Натали Маршик зикр намуд, ки имкони аз наздик шинос шудан бо татбиқи лоиҳаи НБО «Роғун» барояш муҳим буд. «Раванди татбиқи лоиҳаи мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки корҳои зиёде дар ин сохтмон анҷом дода шудаанд ва таассуроти мо барои ҳамкории минбаъда имкон фароҳам хоҳад овард»,-афзуд Натали Маршик.
Қобили зикр аст, ки Ширкати рейтингии байналмилалии «Moody’s Investors Service» фаъолияти худро аз соли 1909 ба роҳ монда, ҳамчун яке аз ширкатҳои бонуфузтарини рейтингии ҷаҳонӣ шинохта шудааст. Ҳамкорӣ бо ин ширкат аз соли 2013 ба роҳ монда шуда, он рейтинги соҳибихтиёрии кишварро барои пайгирии минбаъда муайян менамояд.








Дар шаҳри Даҳва ҷалби маблағгузории Қатарӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон баррасӣ шуд
30 сохтмончии Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз ҷониби Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид
«РОҒУН» — ИФТИХОРИ ҲАР ФАРДИ ТОҶИКИСТОН. Ҳайати Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба тамошои ин неругоҳ рафт
Валиаҳди Шоҳигарии Негери-Сембилани Малайзия: «Таваҷҷуҳи Роҳбарияти олии Тоҷикистон ба татбиқи лоиҳаи НБО-и «Роғун» шоистаи таҳсин аст»
Дар Тошканд ҷаласаи машваратии давлатҳои наздисоҳилӣ доир ба маблағгузории устувори лоиҳаи НБО «Роғун» баргузор гардид
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба Неругоҳи барқи обии «Роғун» рафтанд
Мутахассисони соҳаи энергетикаи Қирғизистон бо Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд
Ҳайати вакилони Парлумони Иттиҳоди Аврупо ба бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» баҳои баланд дод
Лоиҳаҳои сохтмони НБО-и «Роғун» ва таҷдиди НБО-и «Норак» бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
«РОҒУН» — БУЗУРГТАРИН ДАСТОВАРДИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ин неругоҳ барои Тоҷикистон аҳаммияти ҳаётӣ ва сарнавиштсоз дорад
Бо пурра ба истифода додани неругоҳи «Роғун» дар Тоҷикистон истиқлолияти энергетикӣ таъмин мегардад
Дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» роботи махсуси кафшерӣ ба истифода дода шуд






