Намояндагони Ширкати «Moody’s Investors Service» бо рафти корҳои сохтмонии НБО «Роғун» шинос шуданд

Июнь 20, 2017 10:18

ДУШАНБЕ, 20.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мутахассисони Ширкати рейтингии байналмилалии «Moody’s Investors Service» ва  коршиносони ширкати «Oppenheimer»  барои шинос шудан бо рафти корҳои сохтмонӣ ба НБО «Роғун» сафари корӣ анҷом доданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллӣ хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, директори генералии ҶСК НБО «Роғун» Хайрулло Сафарзода ба меҳмонон дар бораи сохтмони иншооти бузурги аср дар Тоҷикистон, корҳои дар ин самт анҷомшуда, таърихи оғоз ва рафти татбиқи лоиҳа, инчунин нақшаҳои минбаъда маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Меҳмонон зимни сафари корӣ бо мутахассисони НБО «Роғун» мулоқот доир намуданд. Дар мулоқот коршиноси ширкати «Oppenheimer» Натали Маршик зикр намуд, ки имкони аз наздик шинос шудан бо татбиқи лоиҳаи НБО «Роғун» барояш муҳим буд. «Раванди татбиқи лоиҳаи мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки корҳои зиёде дар ин сохтмон анҷом дода шудаанд ва таассуроти мо барои ҳамкории минбаъда имкон фароҳам хоҳад овард»,-афзуд Натали Маршик.

Қобили зикр аст, ки Ширкати рейтингии байналмилалии «Moody’s Investors Service» фаъолияти худро аз соли 1909 ба роҳ монда, ҳамчун яке аз ширкатҳои бонуфузтарини рейтингии ҷаҳонӣ шинохта шудааст. Ҳамкорӣ бо ин ширкат аз соли 2013 ба роҳ монда шуда, он рейтинги соҳибихтиёрии кишварро барои пайгирии минбаъда муайян менамояд.

Июнь 20, 2017 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмончиёни НБО-и «Роғун» бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
«РОҒУН» — РАМЗИ ҚУДРАТИ ЭНЕРГЕТИКИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид
«РОҒУН» — КОХИ НУР. Сарбанди ин неругоҳ баландтарин садди обӣ дар ҷаҳон хоҳад буд
Дар бунёди неругоҳи «Роғун» 20 ҳазор коргарону кормандони муҳандисию техникӣ фаъолият доранд
Моҳи сентябри соли 2027 агрегати рақами 4-и неругоҳи «Роғун» ба истифода дода мешавад
Тоҷикистон барои бунёди неругоҳи «Роғун» маблағҳои иловагии созмонҳои байналмилалии молиявиро ҷалб менамояд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ман ба масъулиятшиносӣ, таҷриба ва заҳмати софдилонаи бунёдгарони «Роғун» эътимоди комил дорам»
Президенти Тоҷикистон: «Бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» муҳимтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо бунёдгарони Неругоҳи барқи обии «Роғун»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун бо бунёдгарони Неругоҳи «Роғун» мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар дигар мавзеъҳои сохтмони Неругоҳи «Роғун» боздид намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар cарбанди Неругоҳи «Роғун» шинос шуданд