Ҷоми КФО-2017: «Истиқлол» бар «Олтин Асир»-и Туркманистон ғолиб омад

Июнь 1, 2017 10:46

ДУШАНБЕ, 01.06.2017 /АМИТ«Ховар»/.  Шоми   дирӯз дастаи футболи  «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони  панҷкаратаи Тоҷикистон дар бозии даври охирини марҳилаи гурӯҳии Ҷоми  Конфедератсияи футболи Осиё -2017 дар майдони худ бар  дастаи  «Олтин Асир»-и Ашқобод, қаҳрамони секаратаи Туркманистон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда, ба даври баъдӣ роҳ ёфт. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.

Бояд зикр кард, ки бозии даври охирини гурӯҳи «D» миёни дастаҳои «Истиқлол» ва «Олтин Асир» дар Варзишгоҳи марказии  шаҳри Душанбе бо ҳузури 9000 тамошобин сурат гирифт. Дар ин вохӯрӣ голи ягонаро Дилшод Восиев  дар дақиқаҳои иловагӣ   ба ҳадаф расонд.

Ҳарду даста лаҳзаҳои фаровони голзанӣ доштанд. Дар дақиқаҳои охири нимаи аввали бозӣ тӯб ду бор баъди зарбаи бозингарони туркман ба сутуни дарвоза бархӯрд. Дар дақиқаҳои аввали нимаи дуюми бозӣ бозингарони «Истиқлол» низ ду бор имкони кушодани ҳисобро аз даст доданд.

Хотиррасон менамоем, ки дар бозии дигари даври охирини сабқати гурӯҳи «D» 31 май ду дастаи Қирғизистон — «Олой»-и Ӯш ва «Дордой»-и Бишкек  бо ҳам рақобат карданд. Ин бозӣ бо пирӯзии дастаи мизбон  «Олой», қаҳрамони Қирғизистон бо ҳисоби 5:4 хотима ёфт.

Ҳамин тариқ, аз рӯи натиҷагирии мусобиқа дар гурӯҳи «D»  дастаи «Истиқлол» бо 16 имтиёз ғолиб шуд. Футболбозони тоҷик таҳти роҳбарии сармураббӣ Мӯҳсин Муҳаммадиев дар панҷ бозӣ ғалаба карда, як бозиро бо «Олтин Асир»   дар меҳмонӣ  бо ҳисоби  мусовии 1:1 анҷом доданд.

Дастаи  «Олтин Асир»  бо 13 имтиёз дар мақоми дуюм қарор гирифт. Дастаҳои «Дордой» ва «Олой» бо сеимтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои сеюму чорумро ишғол карданд. Ба ин тартиб, бар асоси дастури мусобиқа ғолиби минтақаи Осиёи марказии Ҷоми АFC-2017-  «Истиқлол», қаҳрамони панҷкаратаи Тоҷикистон  ба ҳаққи ширкат дар даври баъдии Ҷоми AFC мушарраф гардид.

Ёдовар мешавем, ки қуръакашии даврҳои нимфиналии  минтақавии байналмилалии Ҷоми AFC-2017 рӯзи 6 июн дар пойтахти Малайзия- шаҳри  Куала-Лумпур  барпо мегардад.

Бозиҳои аввали ин марҳилаи мусобиқа 22-23 август, бозиҳои ҷавобӣ  12-13 сентябр баргузор мешаванд.

 

 

 

Июнь 1, 2017 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ дар соли 2026 доир мегардад
Гулмуроди Саъдулло довари бозии даври 1/8-ниҳоии Лигаи чемпионҳои дуюми Осиё-2025/26 таъйин шуд
Пагоҳ дар Душанбе Чемпионати Тоҷикистон оид ба самбо оғоз меёбад
Қуръакашии бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон-2026 байни дастаҳои Лигаи олӣ оид ба футбол баргузор шуд
Соли 2025 варзишгарони Тоҷикистон аз мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ 510 медал ба даст оварданд
Паралимпичиёни тоҷик бо 22 медал дар Ҷоми ҷаҳон оид ба армрестлинг ва пара-армрестлинг байни 25 давлат дар зинаи дуюм қарор гирифтанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар Тоҷикистон беш аз 11 ҳазор иншооти варзишӣ фаъолияти пурсамар намуданд
ФУТБОЛ. 5 феврал қуръакашии тақвими чемпионати Тоҷикистон-2026 баргузор мешавад
Варзишгарони Тоҷикистон дар Ҷоми ҷаҳон оид ба армрестлинг ва пара-армрестлинг 22 медал ба даст оварданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол бо ҳамтоёнаш аз Ҳиндустон бозии дӯстона анҷом дод
Шаҳром Самиев фаъолияташро дар бошгоҳи футболи «Ал-Карма»-и Ироқ идома медиҳад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ аз мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ 446 медал ба даст оварданд