Омодагиҳо ба таҷлили 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ идома доранд

Июнь 9, 2017 10:24

ДУШАНБЕ, 09.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ваҳдат барои таҷлили 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз рӯи сенарияи муқарраршуда корҳои омодагӣ ҷараён доранд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ба барномаи муҳташами идона аҳли ҳунар ва фарҳанг аз тамоми гӯшаҳои кишвар, аз ҷумла шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ, водиҳои Зарафшон, Ҳисор ва Рашт ҷалб карда шудаанд. Дар барнома устодони санъат, ситораҳои эстрада ва санъаткорони ҷавону умедбахш ҳунарнамоӣ мекунанд.

Боиси зикр аст, ки 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ имсол  бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат таҷлил карда мешавад. Баргузории тантанаҳои идона шоми 27 июн дар Варзишгоҳи марказии ин шаҳр дар назар аст.

Июнь 9, 2017 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд