Пешгирии ҳодисаҳои сӯхтор дар фасли тобистон: семинари Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ҶТ

Июнь 22, 2017 11:18

ДУШАНБЕ, 22.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз бо ташаббуси Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии (СХДО) Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Пешгирии ҳодисаҳои сӯхтор дар фасли тобистон» семинар доир гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ВКД ҶТ хабар доданд, муовини аввали сардори СХДО ВКД Қутфиддин Салоҳиддинзода вобаста ба камбудию норасоӣ ва мушкилоти зиддисӯхторие, ки дар муассисаҳои давлатии хоҷагии ҷангали Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҳудуди оромгоҳҳо ҷой доранд ва роҳу усулҳои самараноки муосири бартарафсозии онҳо ибрози андеша намуд.

Сардори Шуъбаи назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтори СХДО ВКД Фаррух Ҳалимзода дар баробари пешниҳодҳои зиддисӯхторӣ, инчунин тавсия дод, ки бо мақсади баланд бардоштани донишу малака ва маърифати ҳуқуқии коргарону хизматчиён ва аҳолӣ, ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои сӯхтор, бо ҷалби мутахассисон корҳои тарғиботию ташвиқотии зиддисӯхторӣ дар тамоми хоҷагиҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишини наздик ба онҳо ҷойгиршуда мунтазам ба роҳ монда шаванд.

Дар семинар мутахассисон, кормандони Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии ВКД, масъулони Агентии хоҷагии ҷангал, директорону мутасаддиёни муассисаҳои давлатии хоҷагиҳои ҷангали ҷумҳурӣ, намояндаи Муассисаи давлатии Боғи ботаникии «Ирам», Муассисаи давлатии Раёсати оромгоҳҳо ва дигар шахсони мутасаддии хоҷагиҳои кишоварзӣ иштирок доштанд.

 

Июнь 22, 2017 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад