Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон анҷом ёфтанд
ДУШАНБЕ, 19.06.2017 /АМИТ Ховар/. Тавре қаблан хабар дода будем, иштироккунандагони Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон дар ҳайати 40 нафар 12 июни соли 2017 тавассути тайёраи Ширкати ҳавонавардии Туркманистон «Turkmenistan airlines» бо хатсайри Ашқобод–Душанбе–Ашқобод, ки парвози озмоишӣ буд, ба Ашқобод сафар карданд.
Аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар доданд, ки Рўзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон аз 12 то 17 июни соли 2017 идома ёфта, дар ин муддат вохӯрии расмии намояндагони вазоратҳои фарҳанги Тоҷикистон ва Туркманистон, барномаи консертии устодони санъати тоҷик, консерти муштараки ҳунарпешаҳои Тоҷикистон ва Туркманистон, намоишҳои санъати тасвирӣ ва аксҳо таҳти унвони «Тоҷикистони муосир», либосҳои миллӣ, китобҳои Тоҷикистон ва филмҳои тоҷикӣ баргузор гардиданд.
Шоми 16 июни соли 2017 соати 19:00 дар Қасри мақоми Маркази фарҳангии давлатии Туркманистон маросими ботантанаи пўшидашавии Рўзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон баргузор гардид. Консерти муштараки устодони санъати тоҷик ва туркман, ки ба ифтихори маросими пӯшидашавии ин чорабинӣ манзури сокинон ва меҳмонони шаҳри Ашқобод гардид, ҷолибу хотирмон буд.









Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад






