С. Аслов ва Я. Гуедар рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Франсияро муҳокима намуданд

Июнь 7, 2017 15:13

ДУШАНБЕ, 07.06.2017 /АМИТ «Ховар»/.  7 июни соли 2017 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедарро ба ҳузур пазируфт.

«Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Франсияро муҳокима намуданд»,- хабар доданд аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зимни суҳбат аз сатҳу мӯҳтавои ҳамкории мутақобилан судманди ду кишвар дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар 25 соли муносибатҳои дипломатӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Мусоҳибон ҷиҳати таҳкими минбаъдаи муколамаи сиёсӣ ва дарёфти роҳу воситаҳои нави тавсеаи робитаҳо дар самтҳои мавриди эҳтимоми муштарак ибрози омодагӣ намуданд.

Ҳамчунин доир ба мавзӯъҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкори созанда сурат гирифт.

 

Июнь 7, 2017 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд