Сабикаҳои ченакии тиллои Бонки миллии Тоҷикистон ба муомилот бароварда шуданд
ДУШАНБЕ, 12.06.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 2 июни соли 2017 сабикаҳои ченакии тиллои Бонки миллии Тоҷикистон аз 12 июни соли равон сар карда, ба муомилот бароварда шуданд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, сабикаҳои ченакии тиллои БМТ 5, 10, 20, 50 ва 100 гр. вазн дошта, дар корхонаи холискории дорои сертификати Ассотсиатсияи бозори металлҳои қимматбаҳои Лондон (LBMA) тайёр карда шудаанд.
Инчунин зикр гардид, ки сабикаҳои ченакӣ аз ҷониби Департаменти муомилоти пулӣ ва амалиёти хазинадории Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ фурӯхта мешавад. Барои харидани сабикаҳои ченакӣ ва бозфурӯши онҳо шахсони ҳуқуқӣ бояд ваколатнома ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти намояндаи шахси ҳуқуқиро пешниҳод намоянд ва шахсони воқеӣ низ бояд бо худ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсиятро дошта бошанд.
«Нархи фурӯш ва нархи бозхариди сабикаҳои ченакӣ ҳамарӯза бо пули миллӣ барои ҳар як намуди сабикаи ченакӣ дар алоҳидагӣ ҳисоб ва муқаррар карда шуда, аз 12 июни соли равон дар саҳифаи асосии сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон ҷойгир карда мешавад»-, зикр намуд манбаъ.








НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид






