Сафири Британияи Кабир Ҳю Филпотт: «Британия шарики қадрдони Тоҷикистон мебошад…»
ДУШАНБЕ, 25.06.2017./АМИТ «Ховар»/. 21 июн Сафорати Британияи Кабир дар Тоҷикистон дар саҳифаи худ дар шабакаи Фейсбук навореро ба намоиш гузошт, ки дар бадали як шабонарӯз қариб ду ҳазор нафар истифодабарандагони ин шабака аз он дидан намуданд.
Дар навори видеоӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Британияи Кабир дар Тоҷикистон ҷаноби Ҳю Филпотт аз фаъолият ва тасмимҳои сафорат бо забони англисӣ чунин арз намудааст:
«Хуш омадед ба Тоҷикистон, ки дар дили Осиё воқеъ аст!
Ман ва тими ман Британияи Кабирро дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон намояндагӣ мекунем.
Сулҳу суботи Тоҷикистон ба манфиати минтақа ва ҷаҳон муҳим аст.
Британия шарики қадрдони Тоҷикистон мебошад ва мо якҷоя барои рушди устувори ин кишвар кӯшиш мекунем.
Мо бо намояндагӣ аз мардуми Британияи Кабир дар Тоҷикистон мақсад дорем бо Ҳукумат ва мардуми ин кишвари зебо ҳамкорӣ кунем, то ба дастовардҳои зарурӣ ноил шавем.
Саломат бошед! Ташаккури зиёд!».
Қобили зикр аст, ки ҷаноби Филпотт ҷумлаҳои аввал ва охири худро бо забони тоҷикӣ низ баён медорад. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ дода буд, чанде қабл Сафири Британияи Кабир Ҳю Филпотт баёнияе нашр кард ва зимни он аз табиати нотакрор ва имкониятҳои сайёҳӣ дар Тоҷикистон ситоиш намуда буд.









«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






