Сарҳадбонон ҳангоми ҳимояи хати сарҳади давлатӣ ду нафар қочоқчиёнро безарар гардониданд

Июнь 20, 2017 16:08

ДУШАНБЕ, 20.06.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Шаби гузашта хизматчиёни наряди сарҳадӣ ва гурӯҳи фаврии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар яке аз минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии «Ҳамадонӣ» кӯшиши ғайриқонунӣ убур кардани хати сарҳад ва интиқоли маводи мухаддирро ба ҳудуди Тоҷикистон пешгирӣ карданд.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори хадамоти матбуотии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Муҳаммад Улуғхоҷаев иттилоъ дод.

«Ҳангоми гузаронидани амалиёт, гурӯҳи мусаллаҳи қочоқчиёни номаълуми афғон дар вақти убури ғайриқонунии марзи давлатӣ бо сарҳадбонони тоҷик рӯ ба рӯ мешаванд. Ба амри сарҳадбонони тоҷик, қочоқчиён итоат накарданд, бараъкс байни сарҳадбонон ва қочоқбарони афғон задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ омад», — зикр кард М.Улуғхоҷаев.

«Сарҳадбонони тоҷик аз худ чусту чолокӣ нишон дода, ба  қочоқбарони мусаллаҳ муқовимати шадид нишон доданд. Дар натиҷаи он ду нафар аз қочоқчиён безарар гардонида шуда, боқимонда аз торикии шаб истифода бурда, ба тарафи Афғонистон фирор намуданд», — гуфт сардори хадамоти матбуотии Қӯшунҳои сарҳадии мамлакат.

Дар хабари расмии хадамоти матбуотии Қӯшунҳои сарҳадӣ омадааст, ки «Ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса 2 ҷасади қочоқбар, 21 кг  маводи мухаддири навъи ҳашиш, 2 адад яроқи оташфишони АКМ бо 10 адад тирдон, 235 дона тири қутри 7,62 ва 2 адад норинҷак бозёфту мусодира карда шуд».

Вобаста ба ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Акрам САНГЗОДА

Июнь 20, 2017 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид