«Сомон Эйр» сарпарасти кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон шуд
ДУШАНБЕ, 21.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе маросими баимзорасонии Меморандум оид ба ҳамкорӣ байни ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид. Тибқи санади мазкур, аз ин баъд ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ҳамчун сарпарасти кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон баромад мекунад.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти ин ширкат хабар доданд, дар маросими баимзорасӣ Директори тиҷоратии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Абдулқосим Валиев зикр намуд: «Рушди варзиш барои такмили маънавӣ ва ҷисмонии ҳар як шахс ва шаҳрванд яке аз омилҳои муҳим ба ҳисоб меравад. «Сомон Эйр» дар ин самт кўшиш мекунад, ки саҳми худро гузорад. Ин иқдом на танҳо барои «Сомон Эйр» ва Федератсияи футбол, балки барои рушди соҳаи варзиш низ манфиатнок хоҳад буд».
Зикр гардид, ки ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» борҳо дар гузаронидани чорабиниҳои варзишии сатҳи маҳаллӣ ва байналмилалӣ ҳамчун сарпараст баромад намудааст.








ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад






