Суғд: беш аз 52 фоизи нақшаи ҷамъоварии пилласупорӣ иҷро гардид

Июнь 15, 2017 09:53

ХУҶАНД, 15.06.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯзҳо  дар 12 ноҳияи вилояти Суғд маъракаи ҷамъоварии ҳосили пилла торафт авҷ мегирад. Кирмакпарварони вилоят соли равон азм доранд, ки бо риоя намудани қоидаҳои агротехникии парвариш ва нигоҳубини кирмак дурнаморо сари вақт иҷро намоянд.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» масъулини идораи «Пилла»-и Суғд иттилоъ доданд, шурӯъ аз 17 май инҷониб дар вилоят маъракаи пилласупорӣ ҷараён дошта, то  11 июн дар зинаи аввали маъракаи пилласупорӣ кирмакпарварони ноҳияи Конибодом қарор дошта, то ин сана ба хирмани давлат 440 тонна пилла супориданд, ки он ба 60,2%-и нақша баробар аст.

Дар зинаҳои дуюм ва сеюм пиллапарварони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо нишондоди 95,2 тонна ё 58,8%  ва ноҳияи Спитамен  бо андозаи 64,5 тонна ё  52,4% қарор доранд.

Дар маҷмӯъ, соли равон кирмакпарварони вилоят парвариши 14 ҳазору 622 қуттӣ кирмаки навъи чиниро ба роҳ монда, нақша доранд 658 тонна пилла ҷамъоварӣ намоянд, ки ин нишондод то 11 июн ба 345 тонна ё 52,4 фоизи нақшаи умумӣ баробар аст.
Ҳамчунин имрӯзҳо дар панҷ  ноҳияи иқлимашон нисбатан хунуктар-Исфара, Панҷакент, Айнӣ, Деваштич ва Истаравшан низ ба ҷамъоварии пилла оғоз намудаанд.

 

Июнь 15, 2017 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид