Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни Ваҳдати миллӣ дар варзишгоҳи навбунёди шаҳри Ваҳдат

Июнь 27, 2017 20:20
27.06.2017, шаҳри Ваҳдат

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Дар ин лаҳзаҳои идона кулли мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзиамон, хурду бузурги сокинони шаҳри Ваҳдат ва ҳамаи шумо, ҳозирини арҷмандро ба ифтихори ҷашни бистумин солгарди ваҳдати миллӣ самимона табрик мегӯям ва ба хонадони ҳар як фарди Ватан сулҳу осоиш ва бахту саодат орзу менамоям.

Ин санаи воқеан таърихӣ барои халқи азизи мо бисёр муҳим мебошад, зеро он давлати ҷавону соҳибистиқлоли тоҷиконро аз хатари нобудӣ ва миллатро аз парокандагӣ раҳо намуд ва ибтидои раванди барқарорсозии харобиҳои ҷанги таҳмилӣ ва созандагии Ватани маҳбубамон гардид.

Мехоҳам махсус таъкид намоям, ки сулҳи тоҷикон таҷассуми олии майлу иродаи мардуми сулҳпарвари мо, яъне хизмати таърихии халқи қаҳрамони тоҷик мебошад.

Тоҷикистони соҳибистиқлол дар зарфи бист соли баъди имзои Созишномаи сулҳ роҳи пурифтихорро тай намуд ва зарур аст, ки сабақҳои ин корномаи таърихӣ ба наслҳои имрӯзаву оянда ҳамчун раҳнамои зиндагӣ омӯзонида шаванд.

Мо аз рӯзҳои аввал давлатдориро аз паёми сулҳ оғоз намудем ва ин сиёсатро ба хотири оромиву осоиши кишварамон, хушбахтиву сарбаландии халқи азизамон ва наслҳои ояндаи мардумамон минбаъд низ идома медиҳем.

Ваҳдати миллии тоҷикон ганҷи бебаҳоест, ки бо ранҷу машаққати зиёд ва гузашта аз он, дар натиҷаи ҷонбозиву қурбониҳои ҳазорон нафар фарзандони фидоии миллат ба даст омадааст.

Аз ин рӯ, мо вазифадорем, ки барои татбиқи ғояҳои ваҳдати миллӣ ва пойдории он талош карда, бо мақсади эҳёву пойдории арзишҳои миллӣ ва тавсеаи тафаккури давлатдории миллиамон, ки асоси пешрафти Тоҷикистони азиз мебошад, сарҷамъона кору фаъолият намоем.

Боиси ифтихору сарбаландист, ки ба шарофати истиқлолият ва сулҳу суботи комил мо ба марҳалаи рушди устувор ворид гардидем ва ҳоло барои рӯзгори орому осуда ва заҳмати созандаи мардуми сарбаланди тоҷик, инчунин, баргузории ҳама гуна чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ шароити мусоид фароҳам омадааст.

Натиҷаи заҳмати содиқонаи мардуми шарифамон аст, ки имрӯз шаҳру ноҳияҳои мамлакат мунтазам тараққӣ карда, ободу зебо мешаванд ва муҳимтар аз ҳама, сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ торафт беҳтар мегардад.

Шаҳри Ваҳдат низ аз баракати соҳибистиқлолӣ ва кору фаъолияти ватандӯстонаи сокинонаш хеле обод шуда, имрӯз ба як маркази пешрафтаи кишоварзиву саноатӣ табдил ёфтааст.

Соли 1997-ум ҳаҷми даромади буҷети шаҳр ҳамагӣ 360 ҳазор сомониро ташкил дода буд ва ин нишондиҳанда соли 2016-ум ба 117 миллион сомонӣ баробар гардидааст.

Яъне дар зарфи 20 сол буҷети шаҳри Ваҳдат 328 баробар афзоиш ёфтааст.

Ҳамзамон бо ин, амалисозии барномаҳои давлатӣ имкон дод, ки дар шаҳри Ваҳдат соҳибкориву сармоягузорӣ рушд ёфта, шумораи корхонаҳои истеҳсолӣ ҳамасола афзоиш дода шавад.

Агар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ соли 1997-ум 11 миллион сомониро ташкил дода бошад, пас ин рақам соли 2016-ум ба 243 миллион сомонӣ баробар гардидааст.

Танҳо дар се соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии шаҳр 41 баробар афзоиш ёфтааст.

Дар ин давра дар шаҳри Ваҳдат ба маблағи беш аз 3 миллиард сомонӣ 24 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоту технологияҳои муосир, аз ҷумла Корхонаи сементбарорӣ бо иқтидори истеҳсолии солонаи 1 миллиону 200 ҳазор тонна семент ва Корхонаи истихроҷу холискории тиллои «Покрӯд» ба истифода супорида шуда, ҳазорон нафар сокинон соҳиби ҷойи кори доимӣ гардидаанд.

Инчунин, мувофиқи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Ваҳдат барои солҳои 2016-2020 пешбинӣ мегардад, ки тавассути ташкили корхонаҳои нави саноатӣ коркарди васеи ашёи хом ба роҳ монда шуда, иқтидори истеҳсолии шаҳр тақвият бахшида шавад.

Амалисозии тадбирҳои пешбинишуда имкон медиҳад, ки дар ояндаи наздик шаҳри Ваҳдат ба яке аз шаҳрҳои асосии саноативу аграрии мамлакат табдил дода шавад.

Сокинони шаҳри Ваҳдат ва деҳқонони асили он дар соҳаи кишоварзӣ, махсусан, парвариши меваю сабзавот ва ташкили гармхонаҳо, ниҳолпарвариву боғдорӣ, чорводориву парандапарварӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ таҷрибаву шуҳрати зиёд доранд.

Танҳо соли 2016 дар шаҳри Ваҳдат ба маблағи 560 миллион сомонӣ истеҳсол шудани маҳсулоти кишоварзӣ, ки нисбат ба соли 2000-ум 30 баробар зиёд мебошад, тасдиқи ин гуфтаҳост.

Илова бар ин, дар шаҳр корҳои созандагӣ мунтазам вусъат гирифта, танҳо дар доираи омодагӣ ба таҷлили 20 — солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ бунёди чандин корхонаҳои нави коркард, мактабу муассисаҳои хизматрасонӣ, варзишгоҳи замонавӣ барои 25 ҳазор ҷойи нишаст ба анҷом расонида шуд.

Пешрафти соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маорифу тандурустӣ дар маркази таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат қарор дошта, дар шаҳри Ваҳдат барои беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ва хизматрасониҳои тиббӣ ҳамасола тадбирҳои судманд амалӣ гардонида мешаванд.

Ба истифодаи мардум супоридани беморхонаи бисёрсоҳавӣ, марказҳои муосири саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ, инчунин, азнавсозии беморхонаи ҷумҳуриявии бемориҳои сил аз ҷумлаи ҳамин тадбирҳо мебошанд.

Инчунин, чандин осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо таъмиру таҷдид гардида, бо қарори Ҳукумати мамлакат мавзеи Ромит минтақаи сайёҳӣ эълон карда шуд.

Дар доираи иҷрои чорабиниҳои пешбинигардида ояндаи наздик шаҳри Ваҳдат ба яке аз мавзеъҳои муҳимми сайёҳӣ табдил хоҳад ёфт.

Бо дарназардошти ин ҳама, таҷлили бистумин солгарди ҷашни ваҳдати миллӣ дар шаҳре, ки ба ифтихори санаи барои халқамон таърихӣ, яъне ваҳдати миллӣ номгузорӣ шудааст, барои ҳамаи ҳамватанон, бахусус, сокинони заҳматқарину сарбаланди он басо рамзӣ ва боиси ифтихор мебошад.

Ҳамватанони азиз!

Ҳарчанд ки роҳи тайнамудаи Тоҷикистон дар ҷодаи ваҳдату якпорчагӣ ҳамвору яксон набуд, вале мардуми шарафманди мо ба хотири таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи марзу буми аҷдодӣ, сарҷамъии миллат, густариши фазои сулҳу оромӣ ва тақвияти худшиносии миллӣ саъю талошҳои бесобиқа анҷом доданд ва итминони комил дорам, ки наслҳои оянда аз онҳо ҳамчун намунаи ватандориву ватандӯстӣ ёд хоҳанд кард.

Ҳар як фарди бонангу номус ва огоҳи ҷомеа бояд ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки танҳо истиқлолияту озодӣ омили муҳимтарини пойдории давлат ва бақои миллат мебошад ва вазифаи ҳамаи мост, ки ба хотири ҳифзу тақвияти ин муқаддасоти миллӣ пайгирона кӯшиш намоем.

Бо мақсади таҳкими боз ҳам бештари ин дастовард зарур аст, ки мафҳумҳои истиқлолияту озодӣ ва ваҳдати миллӣ ба ғояи ҳамешагии созанда ва муттаҳидкунандаи ҷомеаи Тоҷикистони демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ табдил дода шаванд.

Зеро ин мафҳумҳо дар қалбу шуури шаҳрвандони кишвар ҳисси эҳтиром ба Тоҷикистони азиз ва муқаддасоти Ватанро устувор сохтанд ва ба онҳо эътимод бахшиданд, ки миллати куҳанбунёди тоҷик метавонад танҳо бо ҳамин ғояҳои наҷотбахш корҳои бузурги ободкориву созандагиро ба анҷом расонад ва барои наслҳои оянда як кишвари ободу зеборо ба мерос гузорад.

Марҳалаи начандон тӯлонии таърих собит сохт, ки тоҷикон дар ҳақиқат миллати соҳибмаърифату тамаддунсоз, ватандӯсту ватанпарвар ва сулҳпарвару таҳаммулгаро буда, метавонанд бо ваҳдату сарҷамъии худ ҷомеаи пешрафтаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро бунёд намоянд.

Дар робита ба ин, ҳамаи мо — мардуми Тоҷикистон вазифадор ҳастем, ки дастовардҳои бузурги таърихӣ – истиқлолияту озодӣ ва ваҳдати миллиро гиромӣ дорем, эҳтиёт кунем, ояндабину дурандеш бошем, Ватани маҳбубамонро чун модари азизи худ дӯст дорем.

Ҳар як шаҳрванди кишвар, сарфи назар аз мансубияти миллӣ, ҷаҳонбинӣ ва ақидаи сиёсии худ, бояд дарк намояд, ки ҳам рушди минбаъдаи ҷомеа ва ҳам умеду орзуи ӯ танҳо дар сурати пойдории сулҳу субот, истиқлолияту озодӣ ва ваҳдати миллӣ амалӣ шуда метавонад.

Имрӯз мо шоҳиди воқеаҳои даҳшатноку фоҷиаборе мебошем, ки дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон идома доранд.

Бар асари торафт вусъат гирифтани фаъолияти гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ хатари аз байн рафтани баъзе давлатҳо ба воқеият табдил ёфта, ҳатто дар кишварҳои пешрафта ҳодисаҳои даҳшатноки террористӣ рух дода истодаанд.

Мушоҳидаи аҳволи одамоне, ки барои зинда мондани худ ва фарзандонашон аз баҳри манзили зист ва Ватани хеш гузашта, ба давлатҳои амну ором фирор мекунанд ва дар ин роҳ ҳазорон нафари онҳо қурбон мешаванд, ҳар як шахси солимфикрро ба андеша водор месозад.

Ҷиҳати ҳифзи амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа, таҳкими минбаъдаи истиқлолияту озодӣ, ваҳдати миллӣ ва таъмин намудани пешрафту ободии Ватани азизамон дарки дурусти манфиатҳои милливу давлатӣ, шаъну шараф ва ғурури ватандорӣ бисёр муҳим мебошад, яъне ҳисси баланди миллӣ ва ифтихор аз шаҳрванди Тоҷикистон будан ба ҳайси омили меҳварии муттаҳидсози ҷомеа дар зеҳну шуури ҳар як шахс бояд нақши муассир дошта бошад.

Ҳамчунин, хотирнишон менамоям, ки дар шароити бисёр мураккабу печидаи ҷаҳони муосир мо бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошем, ба дасисаву фиреби ҳар гуна нерӯҳои манфиатхоҳи бегона фирефта нагардем ва мардумро ба номи истиқлолияту озодӣ ва пешрафти ояндаи Ватанамон муттаҳиду сарҷамъ нигоҳ дорем.

Ман бо халқи сарбаланд ва бунёдкори Тоҷикистон ифтихор менамоям ва эътимоди комил дорам, ки бо дастгирии мардуми соҳибмаърифатамон мо ҳама гуна мушкилоти рӯзгорамонро бартараф мекунем, нияту нақшаҳои неки оғозкардаамонро бо заҳмати аҳлонаву содиқона амалӣ мегардонем, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва пешрафти кишвари соҳибистиқлоламонро таъмин менамоем.

Итминон дорам, ки муттаҳидиву ягонагӣ ҳамчун сарчашмаи бахту иқболи миллати тоҷик, пешрафти давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон ҳамеша муқаддасу бегазанд ва пойдору устувор мемонад ва роҳи моро ба сӯи татбиқи нақшаву ҳадафҳои тақдирсоз равшан месозад.

Шубҳае нест, ки дар амри ободонии Ватани маҳбубамон ва таҳкими иттиҳоду ҳамбастагии миллати бостониамон сокинони бонангу номус ва сарбаланду заҳматпешаи шаҳри Ваҳдат минбаъд низ пешсаф ва намуна хоҳанд буд.

Бори дигар ҷашни фархундаи ваҳдати миллиро ба халқи азизи Тоҷикистон ва ҳамаи шумо, ҳозирини арҷманд, муборакбод гуфта, орзумандам, ки сулҳу субот дар кишвари маҳбуби мо ҷовидон бошад!

Бигзор, хуршеди сулҳу ваҳдат ва дӯстиву бародарӣ дар фазои Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол ҳамеша нурафшонӣ намояд!

Бигзор, ваҳдату ягонагии халқи куҳанбунёд ва сулҳпарвару тамаддунсози тоҷик то абад поянда бод!

Ҷашни ваҳдати миллӣ муборак, ҳамватанони азиз!

Июнь 27, 2017 20:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастовардҳои мақомоти гумруки Тоҷикистон дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар ҳамоиши ҷавонон баррасӣ шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Имрӯз — Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Масъалаҳои умдаи риёзиёт дар осори Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ гардид
Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳри Ҳисор беш аз 4 миллиард сомониро ташкил намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 декабр, ҷумъа, 362-юмин рӯзи соли 2024 аст
Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард