Таҷлили 20-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»
«Мо имрӯз метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузургтарин ва воқеан таърихии тоҷикон мебошад, ки маҳз дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва азму талоши фарзандони содиқи халқамон муяссар гардид».
Эмомалӣ Раҳмон
ДУШАНБЕ, 22.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Талошҳои роҳбари давлатамон дар роҳи расидан ба сулҳи сартосарӣ ва Ваҳдати миллӣ шоистаи таҳсину қадрдонист. Маҳз сиёсати оқилона, дурандешона, садоқат ва сулҳхоҳии Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон боис шуд, ки дар сарзаминамон — Тоҷикистон сулҳу субот, амният ва ризоияти миллию ваҳдат таъмин гардад», -чунин гуфт, зимни конференсияи 5-уми ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/, муовини директори генералии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Аслиддин Меликов.
Тибқи иттилои котиби матбуотии «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Ҷамила Ҳусейнова, конференсия ба ифтихори 20-умин солгарди ба имзо расонидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 27 июн таҷлил мегардад, гузаронида шуда, дар он олимону, таърихшиносон ва намояндагони бархе аз вазорату кумитаҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Дар конференсия донишмандони шинохта Кароматулло Олимов, Мавлон Мухторов ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Зулфиқор Гулмаҳмадзода доир ба аҳамияти санади барои миллати тоҷик сарнавиштсоз ва таърихӣ –Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ҳифзи сулҳу субот, таъмини ваҳдати миллӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ибрози назар карданд. Зикр шуд, ки ҳифзи сулҳу амнияти кишвар ва таъмини ваҳдати миллӣ вазифаи муқадаси ҳар шаҳрванди кишвар аст. Аз ин рӯ, ба қадри сулҳу ваҳдати миллӣ бирасем ва онро аз ҳама гуна таҳдиду хатарҳои замони муосир ҳифз намоем, зеро сулҳу субот барои ҳар як кишвар, хусусан барои миллати тоҷик, ки рӯзҳои мудҳишро паси сар намудааст, неъмат ва дастоварди бузургу сарнавиштсоз аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд






