Тавсеаи ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистону Афғонистон
ДУШАНБЕ, 30.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Тақвияти ҳамкории мутақобилан судманд байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Афғонистон дар Душанбе зимни вохӯрии Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфатоҳи Ғоиб ва Сардори Сарраёсати гумруки Вазорати молияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Аҳмад Рашод Пупал муҳокима гардиданд.
Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Абдуфатоҳи Ғоиб гуфт, ки муносибатҳои дуҷониба байни мақомоти гумруки ҳар ду кишвар дар асоси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ аз 26 марти соли 2014 ба роҳ монда шудааст. Заминаи ҳуқуқии мазкур шароит фароҳам овард, ки гардиши тиҷорати хориҷӣ байни Тоҷикистон ва Афғонистон дар сатҳи зарурӣ густариш ёбад.
Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими ҳамкории гумрукӣ аз тамоми захираву имконот истифода намуда, барои густариши муносибатҳои иқтисодию тиҷоратии ду кишвари ҳамсоя замина муҳайё месозад. Бахусус бо мақсади густариши ҳамкории байналмилалии дуҷониба ва амалӣ намудани Созишномаи байниҳукуматӣ Протоколи техникӣ дар бораи мубодилаи электронии маълумоти гумрукӣ 30 апрели соли 2015 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, дар низоми тестӣ татбиқ шуда истодааст.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои тақвияти фаъолияти системаи боркашонии гумрукии байналмилалии Тоҷикистон, бахусус ҷорӣ намудани механизми «Долони сабз» дар доираи системаи боркашонӣ баррасӣ гардид. Дар мулоқот ҳамзамон дигар паҳлуҳои тақвияти ҳамкории афзалиятноки мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Афғонистон муҳокима шуданд.
Интизор меравад, ки ҳайати намояндагони Сарраёсати гумруки Афғонистон аз дидбонгоҳи гумрукии «Панҷи Поён», воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон боздид намоянд.








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






