Тоҷикистон ва Чин шартномаи бозпас гардонидани маҳкумшудагонро тасдиқ намуданд

Июнь 19, 2017 15:57

ДУШАНБЕ, 19.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи 19 июни соли 2017 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода ва муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Лю Ҷэнмин бо имзо намудани Протоколи дахлдор тасдиқномаҳоро оид ба тасдиқи Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар мавриди бозпас гардонидани маҳкумшудагон, ки 13 сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, мубодила намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин хабар доданд.

Тибқи муқаррароти моддаи 20-и Шартномаи дар боло номбурда, он дар рӯзи 30-юм баъди мубодилаи тасдиқномаҳо, яъне 19 июли соли 2017 эътибор пайдо менамояд.

Июнь 19, 2017 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад