«Ваҳдат саодати миллат аст» ва «Шоми истиқлол»- ҳамоиши фарҳангию фароғатӣ дар шаҳри Ваҳдат

Июнь 10, 2017 11:17

ВАҲДАТ, 10.06.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар  боғи фарҳангии шаҳри Ваҳдат таҳти унвони «Ваҳдат саодати миллат аст» ва «Шоми истиқлол» ҳамоиши фарҳангию фароғатӣ баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ҷамъомад бо ташаббуси  донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳр ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат ташкил гардида, дар он дастовардҳои донишҷӯён ба намоиш гузошта шуд.

Раиси созмони ҷавонони Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат  Саодат  Ҳоҷибоева иброз намуд, ки донишҷӯёни коллеҷ бо баргузории ин ҳамоиш ҷавонону наврасони шаҳрро ба  роҳи инсондӯстӣ, хештаншиносӣ, ободкориву созандагӣ, ватанпарастӣ ва ҳифзи арзишҳои миллии кишвар даъват  намуданд.

«Силсилачорабиниҳои фарҳангие, ки аз ҷониби донишҷӯёни муассисаҳои миёнаи касбии шаҳр  бахшида ба Соли ҷавонон ва ҷашни Ваҳдати миллӣ доир гардида истодааст,  бо мақсади мустаҳкам намудани риштаи дӯстии ҷавонон ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии онҳо мебошад»,-гуфт мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳри Ваҳдат Ҳикматулло Розиқов.

Донишҷӯён бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи кишвар дар назди ҳозирин дар васфи Ватан, сулҳ ва ҷавонмардӣ шеърҳо қироат намуданд. Ҳамчунин барномаи фарҳангие, ки аз ҷониби онҳо пешкаши сокинон гардид, хеле ҷолиб ва хотирмон арзёбӣ гардид.

 

 

Июнь 10, 2017 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид