Варзишгари тоҷик дар Ҷоми Аврупо мақоми панҷумро соҳиб гашт

Июнь 8, 2017 13:15

ДУШАНБЕ, 08.06.2017. /АМИТ«Ховар»/ Сомон Маҳмадбеков, варзишгари тоҷик  дар Ҷоми кушоди Аврупо оид ба дзюдо миёни ҷавонон дар вазни -66 кило сазовори ҷои панҷум гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.

Бояд зикр кард, ки ин  мусобиқа дар шаҳри Лейбнизи Австрия бо иштироки 516 (298 мард, 218 зан) варзишгар аз 28 кишвар баргузор шуд. Сомон, ки ягона намояндаи Тоҷикистон дар ин мусобиқа буд, дар даври муқаддамотӣ Омер Шайман (Исроил), Иброҳим Алиев (Озарбойҷон), Самуел Фаскинато (Италия)-ро шикаст дода, ба даври нимфиналӣ баромад. Вале дар нимфинал аз варзишгари дигари Италия Луигӣ Бруддетӣ шикаст хӯрд. Дар рақобат барои ҷои сеюм аз варзишгари булғорӣ Денислав Иванов мағлуб гашта, ҷои панҷумро ишғол кард.

Дар ҳисоби даставӣ Япония бо 4 медали тилло ва як биринҷӣ сазовори ҷои аввал гашт. Россия бо 2 медали тилло, 2 нуқра, 4 биринҷӣ ҷои дуюм, Қазоқистон бо 2 медали тилло, 1 нуқра, 2 биринҷӣ мақоми сеюмро ишғол карданд. Тоҷикистон бо як ҷои панҷум миёни 28 кишвари иштирокчӣ ҷои 21-умро касб кард.

Ёдовар мешавем, ки Сомон Маҳмадбеков моҳи апрели соли равон дар Ҷоми Африқо сазовори медали тилло гардида буд. Ӯ таҳти назари мураббиёнаш Эргаш ва Фотеҳ Маҳмадбековҳо дар шаҳри Иркутски Федератсияи Россия тамрин мекунад.

 

Июнь 8, 2017 13:15

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад