Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон: «Дар бораи фурӯш ва харидории сарулибоси мактабӣ ҳеҷ гуна дастур дода нашудааст»

Июнь 26, 2017 10:02

ДУШАНБЕ, 26.06.2017./АМИТ «Ховар»/. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масъулияти том иттилоъ медиҳад, ки   дар хусуси ҷамъоварии маблағ барои харидорӣ кардани сару либоси мактабӣ аз тарафи омӯзгорон ё ин ки директорони мактабҳо, дар мактабҳо ба роҳ мондани хариду фурӯши либосҳои мактабӣ ҳеҷ гуна  дастури хаттӣ ё шифоҳӣ надодааст. Дар ин бора имрӯз ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Гуфта мешавад, ки ин амал бояд аз тарафи волидони хонандагон ва соҳибкорони ватанӣ дар корхонаҳои истеҳсолӣ ё худ ярмарка-фурӯшгоҳҳои ашёҳои хониш ва мактабии дар шаҳру ноҳияҳо буда сурат гирад.

«Бинобар ин, гузориши Радиои «Озодӣ», ки бо номи «Хона ба хона – ҷамъоварии пули либоси хонандагон» пахш шудааст, муболиғаи иғвоангез ва ҳангомае беш нест», — омадааст дар изҳороти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Июнь 26, 2017 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд