Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон: «Дар бораи фурӯш ва харидории сарулибоси мактабӣ ҳеҷ гуна дастур дода нашудааст»
ДУШАНБЕ, 26.06.2017./АМИТ «Ховар»/. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масъулияти том иттилоъ медиҳад, ки дар хусуси ҷамъоварии маблағ барои харидорӣ кардани сару либоси мактабӣ аз тарафи омӯзгорон ё ин ки директорони мактабҳо, дар мактабҳо ба роҳ мондани хариду фурӯши либосҳои мактабӣ ҳеҷ гуна дастури хаттӣ ё шифоҳӣ надодааст. Дар ин бора имрӯз ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Гуфта мешавад, ки ин амал бояд аз тарафи волидони хонандагон ва соҳибкорони ватанӣ дар корхонаҳои истеҳсолӣ ё худ ярмарка-фурӯшгоҳҳои ашёҳои хониш ва мактабии дар шаҳру ноҳияҳо буда сурат гирад.
«Бинобар ин, гузориши Радиои «Озодӣ», ки бо номи «Хона ба хона – ҷамъоварии пули либоси хонандагон» пахш шудааст, муболиғаи иғвоангез ва ҳангомае беш нест», — омадааст дар изҳороти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






