Вохӯрӣ бо тоҷикони шаҳри Лион дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ

Июнь 9, 2017 17:29

ДУШАНБЕ, 09.06.2017. /АМИТ «Ховар»/.  7 июни соли равон дар шаҳри Лион вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Франсия Ҳомидҷон Назаров бо шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳамдиёроне, ки муқими шаҳри Лион ва минтақаҳои атрофи он мебошанд, баргузор шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Франсия  хабар доданд.

Ба ҷамъомадагон, ки аксар ҷавонон буданд, дар бораи моҳияти сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ҷавонон маълумоти муфассал пешниҳод гардид. Инчунин дар арафаи 20-солагии имзои Созишномаи умумӣ оид ба истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ ба ҳозирин маълумот дар бораи роҳи тайкардаи кишвар барои расидан ба ваҳдату ягонагӣ пешниҳод гардида, нақши калидии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба манзури муттаҳид кардани ҳамаи қувваҳои созандаи кишвар, барқарор намудани ҳаёти осоишта ва баргардонидани гурезагон ба Ватан гуфта шуд.

Ҳамчун омили муттаҳидсозии ҳамватанон ва муаррифии бештари фарҳангу тамаддуни тоҷикон дар хориҷа, аз ҷониби Сафир масъалаи таъсиси ҷамъияти тоҷикон дар шаҳри Лион матраҳ  гашт, ки он аз ҷониби ташрифовардагон гарм истиқбол шуда, мавриди дастгирӣ қарор гирифт.

 

 

Июнь 9, 2017 17:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд