«Занги камолот» на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон низ манъ шудааст
ДУШАНБЕ, 07.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон соли хониш ба охир мерасад. Машғулиятҳо дар ҳамаи мактабҳои кишвар аз рӯи реҷаи муқаррарӣ гузаронида мешаванд. Соли равон 124 ҳазору 44 нафар хонандагони синфҳои 11 мактабро хатм менамоянд. Илова бар ин, 161 ҳазору 400 нафар хатмкунандаи синфҳои 9 ба супоридани имтиҳонҳои давлатии хатм роҳ дода шуданд. Дар маҷмӯъ, тибқи маълумоти расмӣ, имрӯз дар мактабҳои Тоҷикистон зиёда аз 1 миллиону 837 ҳазору 762 нафар хонанда таҳсил мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки аз соли 2013 инҷониб соли хониш дар Тоҷикистон на 25 май, балки 7 июн ба охир мерасад. Аз ҳамон сол гузаронидани ҳама гуна чорабиниҳои тантанавӣ, аз ҷумла сайругашти оммавӣ, зиёфатҳои идона дар тарабхонаҳо, ҷамъоварии маблағ барои гирифтани туҳфа ба омӯзгорон манъ мебошанд.
Тавре котиби матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Эҳсони Хушбахт ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, қарор дар бораи тамдид намудани соли хониш то 7 июн ба хотири комгор шудан ба иҷрои барномаи таълимии 34-ҳафтаина қабул гардида буд. Зеро таътили зимистонаи мактаббачагон як моҳ идома меёбад.
«Қарор дар бораи манъи гузаронидани ҷамъомадҳои тантанавӣ ва зиёфатҳои идона ба хотири риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» қабул гардид», — гуфт намояндаи вазорат.
Дар Тоҷикистон гузаронидани чорабиниҳои дилхушӣ бахшида ба хатми мактаб ва ба таври ғайриқонунӣ ҷамъоварӣ намудани маблағ расман манъ мебошад. Фармони дахлдор моҳи майи соли 2016 аз ҷониби Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид ба имзо расид.
Тибқи фармони вазир, дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ гузаронидани маъракаҳо бахшида ба «занги камолот» барои хатмкунандагони синфҳои 9 ва 11 манъ мебошад.
Дар Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон низ чунин фармон дар бораи манъи гузаронидани маъракаҳои оммавӣ бахшида ба анҷомрасии соли хониш амал мекунад. Ташкил намудани чорабиниҳо барои хатмкунандагони мактабҳо, ба роҳбарият ва омӯзгорони мактаб тақдим намудани туҳфаҳои гаронбаҳо, инчунин ҷамъоварии маблағ барои таҷлили «занги камолот» ва «шабнишинии хатмкунандагон» қатъиян манъ аст.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






