Ҳаҷми боркашонӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе афзудааст
ДУШАНБЕ, 15.07.2017/АМИТ «Ховар»/. Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар шаш моҳи соли равон ба зиёда аз 600 ҳазор нафар мусофир хизмат расонидааст, ки ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 76 ҳазор нафар зиёд мебошад. Аз ҷумла, кормандони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар ин давра ба 348 ҳазор мусофири рафта ва ба беш аз 250 ҳазор мусофири омада хизмат расонидаанд.
Тибқи иттилои котиби матбуотии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Ҷамила Ҳусейнова, дар ин давра 1307 тонна бор ва почта аз ҷониби анбори тиҷоратии фурудгоҳ қабул ва интиқол дода шудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 148 тонна ё ба андозаи беш аз 12 фоиз афзудааст.








Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






