Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон: ҳангоми баромадан ба кӯча кулоҳ ё чатратонро фаромӯш насозед!
ДУШАНБЕ, 31.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 31 июл дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе минтақаҳо ҳарорат ба 45 дараҷа мерасад.
Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорат 30-35 дараҷаро ташкил медиҳад.
Гармии ҳаво дар вилояти Хатлон тағйирёбанда буда, то ба 40-45 дараҷа мерасад. Дар вилояти Суғд ҳарорати ҳаво 36 -41 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, ҳарорат дар водиҳо ба 38-43 дараҷа мерасад.
Имрӯз ҳарорати ҳаво дар шаҳри Душанбе ба 39-41 дараҷа мерасад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд






