«Ҳамватанони маъюбу бепарастор зери таваҷҷуҳ ва дастгирии мо қарор доранд»-таҷлили Рӯзи маъюбон дар Хатлон

Июль 7, 2017 09:11

ДУШАНБЕ, 07.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади беҳтар намудани вазъи зисту зиндагонии шахсони дорои имконияташон маҳдуд, фароҳам овардани шароитҳои мусоиди солимгардонӣ,   омодагии касбӣ,  фароғативу истироҳатии маъюбон ва дастгирии моддиву маънавии онҳо пайваста тадбирҳои судманд роҳандозӣ гардида истодааст.

Бо ин мақсад дирӯз дар Боғи фарҳангиву фароғатии шаҳри Қӯрғонтеппа бо ташаббуси Ҷамъияти маъюбони шаҳр ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи маъюбон ва пиронсолони Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ ва Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Ҳамватанони маъюбу бепарастор ва ятимон ҳам зери таваҷҷуҳ ва дастгирии ҲХДТ қарор доранд!» доир гардид.

Ба иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, дар чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар вилояти Хатлон Аҳмадҷон Ализода, раиси филиали ташкилоти ҷамъиятии Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон дар шаҳри Қӯроғонтеппа Абдусамад Бобоҷонов, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ва як гурӯҳ маъюбон ҷамъ омада буданд.

Дар ҷараёни чорабинӣ ба 50 нафар маъюбон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

 

Июль 7, 2017 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Иқтидори кишоварзии Тоҷикистон дар доираи Конфронси 35-уми минтақавии ФАО дар Душанбе муаррифӣ карда шуд
Имрӯз дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон боридани борони бошиддат ва жола дар назар аст
Дар Балҷувон иқдоми «300 рӯзи ободонӣ» эълон гардидааст
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ нақшаи истеҳсоли пилла барзиёд иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
«МАЛАКАҲОИ КАСБӢ». Дар Душанбе даври дуюми ин фестивали ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҳифзи Ватан дар ҳар давру замон вазифаи муқаддас ва пуршараф ба ҳисоб меравад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Суғд масъалаи содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Озарбойҷон баррасӣ шуд
ТАЪСИСИ 500 ҶОЙИ НАВИ КОРӢ. Созишномаи сармоягузорӣ оид ба истифодаи панелҳои офтобӣ ба имзо расонида шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Чӣ тавр пеш аз сафар ба Русия тавассути барномаи RuID дархост фиристодан мумкин аст?
25 сол дар алоқа: оид ба ивазшавии наслҳо, рақамикунонӣ ва корҳои муҳими ба чашм ноаён