Аъзои пайваста ва вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд
ДУШАНБЕ, 17.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Вазири маориф ва илми ҶТ Нуриддин Саид (антропологияи фалсафӣ), Раиси КДАМ ҶТ Саймумин Ятимов (сиёсатшиносӣ), Сардори Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ Абдуфаттоҳ Шарифзода (таърих), муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ (шарқшиносӣ) аз зумраи нафароне ҳастанд, ки аъзои вобастаи Академияи илмҳои ҶТ интихоб гардиданд.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Академияи илмҳои Тоҷикистон хабар доданд, 14 июл дар ин ҷо бо мақсади ҷалб намудани олимони намоёни кишвар ба фаъолияти илмии академӣ, пурзӯр намудани роҳбарии таҳқиқотҳои бунёдӣ ва амалӣ дар соҳаҳои гуногуни дониш ва пурра кардани ҳайати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи илмҳо доир гардид.
«Интихобот тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», Оинномаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомнома дар бораи интихобот дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи зарурӣ доир шуд»,-илова намуд манбаъ.
Дар натиҷа Ҳикмат Муминов (физика), Зарулло Раҳмонов (математика) ва Юсуфшо Яқубов (таърих) аъзои пайваста (академикҳо)-и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.
Ба иттилои Раёсати Академияи илмҳо, Гулчеҳра Қоҳирова (астрономия), Абдураҳмон Муҳаммад (сиёсатшиносӣ), Сахидод Раҳматуллозода (забоншиносӣ), Абдусаттор Саидов (зоология), Сайфиддин Назарзода (забоншиносӣ), Қозимамад Абдуламонов (генетика), Ҳабибулло Абдуллоев (физикаи назариявӣ), Абдулхайр Бадалов (химияи ғайриорганикӣ), Тошбой Бобоев (физикаи ҳолатҳои конденсӣ), Саидалӣ Гулов (растанипарварӣ), Сайфиддин Давлатзода (ботаника ва экология), Хайридин Идиев (фалсафаи иҷтимоӣ), Худоӣ Шарифов (адабиётшиносӣ), Бахшулло Ҷумъаев(физиология ва биохимияи растаниҳо), Шарофиддин Тӯйчиев(физикаи ҳолатҳои конденсӣ), Абдулло Табарӣ (математика), Мирзоҳасан Султонов (забоншиносӣ), Тағоймурод Салиҳов (физикаи назариявӣ), Лутфилло Саидмуродов (иқтисодиёт), Исматулло Раҳимов (химияи дорусозӣ), Сулаймон Исҳоқов (математика), Зайнолобуддин Кобулиев (экологияи муҳити зист), Аламхон Кўчаров (адабиётшиносӣ), Умархон Мадвалиев (физикаи таҷрибавӣ), Дилрабо Мансурӣ (мошинсозӣ), Музаффар Муҳаммадалӣ (антропологияи фалсафӣ), Эмомалӣ Насриддинзода (ҳуқуқшиносӣ), Ҳайдаршо Пирумшоев (таърих) ва Маҳмад Раҳимзода (ҳуқуқшиносӣ) аъзои вобастаи (аъзо-корреспонденти) Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.








Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст






