ДАР БОРАИ БАҲИСОБГИРИИ ИТТИЛООТИИ СОХТОРИ МИНТАҚАВИИ ЗИДДИТЕРРОРИСТИИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ

Июль 30, 2017 12:53

ДУШАНБЕ, 30.07.2017./АМИТ «Ховар»/. Тавре хонандагони мо иттилоъ доранд, 20 июли соли равон изҳороти АМИТ «Ховар» дар робита ба ворид намудани ҲНИТ ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ ба Феҳристи Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай (СМЗТ СҲШ) дарҷ гардида буд. Дар он гуфта мешуд, ки Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ 29 январи соли 2016 мутобиқи Феҳристи ягонаи созмонҳои террористӣ, экстремистӣ  ва ҷудоихоҳ, ки фаъолияташон дар қаламрави давлатҳои узви СҲШ манъ аст, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро таҳти рақами 79 ба рӯйхати ташкилотҳои террористӣ ворид кардааст. Ҳамин тариқ, СҲШ, ки 8 кишвари  ҷаҳонро бо қаламрави умумии 3,4 млн. км. мураббаъ ва беш аз 3,3 млрд. аҳолӣ дарбар мегирад, ташкилоти террористӣ будани ҲНИТ-ро эътироф кард.

28 июли соли равон СМЗТ СҲШ дар сомонаи худ http://ecrats.org/ru/news/6910  изҳороти расмиро дар ин бора ҷойгир намуд, ки матни пурраи он дар зер оварда мешавад:

Терроризм ва экстремизми байналмилалӣ, аз ҷумла навъи динӣ ва дигар зуҳуроти онҳо, имрӯз ба тамоми кишварҳои олам  ва умуман тамаддуни инсонӣ хатари ягонаи доимафзоянда доранд. Равнақ гирифтани фаъолияти ташкилотҳои террористӣ, ки дорои характери трансмиллӣ мебошад, муттаҳидсозии  кӯшишу талоши ҷомеаи ҷаҳониро оид ба коркард ва татбиқи амалии тадбирҳои ҷавобӣ ҷиҳати таъмини амният ва субот  дар сатҳи ҳар як кишвар ва умуман минтақа тақозо менамояд.

Дар чаҳорчӯбаи сохторҳои соҳавии байналмилалӣ қабул гардидани феҳристи ташкилотҳои террористию экстремистӣ ва рӯйхати шахсони кофтуковшавандаи  ба фаъолияти террористӣ алоқаманд ба ҳалли ин масъала мусоидат менамояд.

Дар Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай низ тибқи қарорҳои СМЗТ СҲШ Рӯйхати ягонаи беш аз 3000 нафар шахсоне, ки бо ҷурми содир кардан ё муттаҳамӣ дар содир кардани ҷиноятҳои  дорои характери террористию ҷудоихоҳӣ ва  экстремистӣ  аз ҷониби хадамоти махсус ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои узви СҲШ дар кофтукови байналмилалӣ қарор доранд (минбаъд – Рӯйхат), ва Феҳристи беш аз 100 ташкилоти  террористию ҷудоихоҳ ва экстремистӣ, аз ҷумла «Давлати Исломӣ», «Ҷабҳат ан-Нусра», «Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ», «Ҳизб-ут-Таҳрир ал Исломӣ», «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон» , «Ансоруллоҳ» ва ғайра (минбаъд – Феҳрист) тасдиқ шудаанд ва  амал мекунанд.

Ин Рӯйхат ва Феҳрист дар асоси маълумот ва қарорҳои мақомоти судии давлатҳои аъзои СҲШ, ки мутобиқи қонунгузории ин давлатҳо қабул гардидаанд,  пайваста нав (таҷдид) карда мешаванд.

http://ecrats.org/ru/news/6910

Июль 30, 2017 12:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе даври дуюми музокироти Тоҷикистон ва Русия оид ба масъалаҳои муҳоҷират доир гардид
Дар Бадахшон 30-солагии таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон таҷлил шуд
Президенти Тоҷикистон: «Хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ бояд аз таърихи ибратомӯзи миллати тоҷик сабақи ҷоннисориву мардонагӣ омӯзанд»
Тоҷикистон беш аз се даҳсола инҷониб дар пешгирии паҳншавии хатари терроризм ба минтақа ва ҷаҳон нақши калидӣ мебозад
Дар қисми низомии мустақар дар вилояти Суғд Рӯзи марзбонон таҷлил карда шуд
Дар Душанбе вохӯрии дуҷонибаи вазирони корҳои дохилии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия доир гардид
КОРНАМОИҲОИ ФАРЗАНДОНИ САРСУПУРДАИ МИЛЛАТ ФАРОМӮШ НАМЕШАВАНД. Эҳдо ба 30-солагии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон
«ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ НИШОНИ ВОЗЕҲИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИ ТОҶИКОН МЕБОШАД». Иқтибос аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Имрӯз Вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия Владимир Колоколтсев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард
Ҳамкории Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Хатлон ва Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Шанхайи Чин тақвият меёбад
НАДОНИСТАНИ ҚОНУН ҶАВОБГАРИРО ИСТИСНО НАМЕКУНАД! Ахбороти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳизбу ҳаракатҳо ва ташкилотҳои террористӣ-экстремистие, ки фаъолияташон дар Тоҷикистон манъ карда шудааст
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба 2 дидбонгоҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин кумак расониданд