Дар Тоҷикистон дар рекламаҳо истифодаи истилоҳҳои «беҳтарин», «рақами 1», «сифати олӣ», «бо нархи арзон» манъ карда мешаванд

Июль 13, 2017 10:48

ДУШАНБЕ, 13.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама», ки  онро аъзои Маҷлиси миллӣ дар иҷлосияи ёздаҳуми палатаи  болоии Парлумон  ҷонибдорӣ намуданд, минбаъд дар адабиёти таълимӣ, лавозимоти дарсӣ- китоб, дафтар, рӯзнома пахши реклама манъ аст.

Ҳадафи ворид намудани  тағйиру иловаҳо ба қонуни  мазкур танзими бозори реклама дар Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ мегардад. Инчунин тибқи ин тағйирот минбаъд барои рекламаи мол ва хизматрасонӣ дар Тоҷикистон истифодаи истилоҳҳои  «беҳтарин», «рақами 1», «сифати олӣ», «бо нархи арзон» манъ карда мешаванд, зеро истифодаи ин калимаҳо боиси вайронкунии қонунгузории реклама буда, дар бозори молии муайян рақобати носолимро эҷод менамояд.

Ҳамзамон  барои ба танзим даровардани пахши реклама дар  радио ва телевизионҳои ҷумҳурӣ,  новобаста аз шакли моликияташон,  аз ин ба баъд  давомнокии пахши як реклама дар байни барномаҳои радио ва телевизион набояд аз се дақиқа зиёд бошад, зеро тӯл кашидани реклама бинанда ва шунавандаи барномаҳоро нороҳат месозад.

Июль 13, 2017 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд