Дар Тоҷикистон сарпарастӣ ба барномаҳои ахбори шабакаҳои телевизион манъ карда мешавад
ДУШАНБЕ, 13.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми гузаронидани фаъолияти оперативӣ –ҷустуҷӯӣ ҳуқуқ доранд аз иттилооти компютерӣ истифода намоянд. Дар ин росто аъзои Маҷлиси миллӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-ро баррасӣ ва ҷонибдорӣ намуданд.
Аъзои Маҷлиси миллӣ ҳамзамон ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷонибдорӣ карданд. Раиси Кумита оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонунияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Озода Раҳмон зимни тавзеҳи масъалаи мазкур гуфт, ки тибқи ин тағйирот мақоми прокурори нақлиёти Тоҷикистон ба прокурори вилоятҳо ва шаҳри Душанбе баробар карда мешавад.
Ҳамзамон дар ҷаласаи Парлумон ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон илова ворид карда шуд, ки тибқи он сарпарастӣ ба барномаҳои ахбор оид ба инъикоси воқеаҳои ҷорӣ дар шабакаҳои телевизион манъ карда мешавад. Ҳадафи қонун пешбинӣ кардани ҷавобгарии маъмурӣ барои риоя накардани маҳдудиятҳо дар фаъолияти сарпарастӣ мебошад. Тибқи он минбаъд барои дахолат кардани сарпараст ба фаъолияти кумакгиранда, сарпарастии реклама аз ҷониби шахсоне, ки машрубот, тамоку ва маҳсулоти тамоку истеҳсол мекунанд, ҷавобгарии маъмурӣ дар намуди ҷарима муқаррар мегардад.
Ҳамзамон аъзои Маҷлиси миллӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия»-ро ҷонибдорӣ карданд, ки дар асоси ин тағйирот минбаъд танҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи фаъолият дар мақомоти милитсияро доранд.








Мавсума Муинӣ дар мулоқоти намояндагони парлумонҳои давлатҳои арабӣ ва осиёӣ бо Раиси Парлумони Шри-Ланка иштирок намуд
Нишасти солонаи байниминтақавии парлумонҳои кишварҳои арабӣ ва осиёӣ баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон ҳамкорӣ бо Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх баррасӣ гардид
Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Таҳти раёсати Раиси Комиссияи давлатии татбиқи ислоҳоти рақамӣ Рустами Эмомалӣ ҷаласа баргузор гардид
Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ созишномаҳои нав ба тасвиб расиданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Палатаи вакилони Парламенти Люксембург мулоқот намуд
Файзалӣ Идизода дар Шуро ва ҷаласаи 61-уми пленарии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Дар Брюссел ҷаласаи XIII Кумитаи ҳамкории парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо доир шуд
Файзалӣ Идизода дар мулоқоти Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо роҳбарони ҳайатҳои парлумонии кишварҳои ИДМ иштирок намуд






