Дар Тоҷикистон сарпарастӣ ба барномаҳои ахбори шабакаҳои телевизион манъ карда мешавад

Июль 13, 2017 12:17

ДУШАНБЕ, 13.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми гузаронидани  фаъолияти оперативӣ –ҷустуҷӯӣ ҳуқуқ доранд аз иттилооти компютерӣ истифода намоянд. Дар ин росто аъзои Маҷлиси миллӣ ворид намудани   тағйиру иловаҳо ба  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-ро  баррасӣ ва ҷонибдорӣ намуданд.

Аъзои Маҷлиси миллӣ ҳамзамон  ворид намудани  тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои  ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷонибдорӣ карданд. Раиси Кумита оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонунияти Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Озода Раҳмон зимни  тавзеҳи масъалаи мазкур  гуфт, ки тибқи ин тағйирот мақоми прокурори нақлиёти Тоҷикистон ба прокурори вилоятҳо ва шаҳри Душанбе баробар карда мешавад.

Мачлиси Милли _2Ҳамзамон дар ҷаласаи Парлумон  ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии  маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон  илова ворид карда шуд, ки тибқи он сарпарастӣ ба барномаҳои ахбор оид ба инъикоси воқеаҳои ҷорӣ  дар шабакаҳои телевизион манъ карда мешавад. Ҳадафи қонун пешбинӣ кардани ҷавобгарии маъмурӣ барои риоя накардани маҳдудиятҳо дар фаъолияти сарпарастӣ мебошад. Тибқи он минбаъд барои дахолат кардани сарпараст ба фаъолияти кумакгиранда, сарпарастии реклама аз ҷониби шахсоне, ки машрубот, тамоку ва маҳсулоти тамоку истеҳсол мекунанд, ҷавобгарии маъмурӣ дар намуди ҷарима муқаррар мегардад.

Ҳамзамон аъзои Маҷлиси миллӣ  ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия»-ро ҷонибдорӣ карданд, ки  дар асоси ин тағйирот минбаъд танҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи фаъолият дар мақомоти   милитсияро доранд.

Июль 13, 2017 12:17

Хабарҳои дигари ин бахш

ФАЗИЛАТИ ВАТАНДӮСТӢ ДАР «ШОҲНОМА». Ин достон ба дониш, муҳаббат ва ирода асос ёфтааст
Таҳкими ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Фаронса баррасӣ шуд
Вакилони Маҷлиси намояндагон якчанд санадро ба тасвиб расониданд
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Фаронса дар самти таҳкими нақши занон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ баррасӣ шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо Президенти Сенати иёлоти Ютаи Амрико вохӯрӣ намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагон якчанд созишномаро ба тасвиб расониданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон дар масъалаи идоракунии интернет, рақамикунонӣ ва технологияҳои муосири инноватсионӣ вохӯрӣ доир гардид
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо ҳайати сенаторони Гурӯҳи дӯстии Сенати Фаронса «Фаронса — Осиёи Марказӣ» вохӯрӣ намуд
Доир ба рафти иҷрои «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» муҳокимаи парлумонӣ баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон бо Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории парлумонии Олмон—Осиёи Марказӣ мулоқот баргузор шуд