Дар як шабонарӯз ду задухӯрди мусаллаҳона байни сарҳадбонони Тоҷикистон бо қочоқбарони Афғонистон ба амал омадааст

Июль 4, 2017 16:37

ДУШАНБЕ, 04.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шаби 3 ба 4-уми июли соли равон хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ҳангоми таъмини ҳифзи хати сарҳади давлатӣ дар минтақаи отряди сарҳадии «Панҷ» кӯшиши ғайриқонунӣ гузаштани марзи давлатӣ ва интиқол додани маводи мухаддирро аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ карданд.

Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Муҳаммад Улуғхоҷаев иттилоъ дод.

«Қочоқчиёни мусаллаҳи афғон дар вақти убури ғайриқонунии марзи давлатӣ ба амри хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ итоат накарда, ба тарафи хизматчиёни ҳарбӣ оташ кушоданд», — хабар дод М. Улуғхоҷаев.

«Аммо қочоқбарони афғон ба тирпаронии ҷавобии сарҳадбонон тоб наоварда, рӯ ба гурез ниҳоданд ва ба ҳудуди Афғонистон фирор намуданд», — зикр кард сардори Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадӣ.

Мувофиқи хабари расмӣ, ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса 16 кг маводи мухаддири навъи ҳашиш, як адад яроқи оташфишони АКМ 74, як адад тирдон бо тирҳои қутраш 7,62 дарёфт ва мусодира карда шуд.

Инчунин шаби 3 ба 4- уми соли равон задухӯрди мусаллаҳонаи сарҳадбонони Тоҷикистон бо гурӯҳи дигари қочоқбарони Афғонистон дар минтақаи марзбонии отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ» ба қайд гирифта шудааст.

«Гурӯҳи қочоқбарони номаълуми афғон аз шиддати оташи ҷавобии сарҳадбонони тоҷик ақибнишинӣ карда, ба ҳудуди Афғонистон баргаштанд. Ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса ҷасади ду нафар қочоқбарони 30-35 солаи шахсияташон номаълум пайдо шуда, 4 кг маводи мухаддири навъи  чарс, 1 кг маводи мухаддири навъи афюн, як адад телефони мобилӣ, як адад корди шикорӣ низ аз маҳали задухӯрди мусаллаҳона дарёфт ва мусодира карда шуд», — омадааст дар хабари расмии Маркази матуботи Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон.

Вобаста ба ҳар ду ҳодисаи задухӯрди мусаллаҳонаи сарҳадбонони Тоҷикистон бо қочоқбарони Афғонистон аз ҷониби муфаттишони Раёсати КДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон тафтишот оғоз карда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки хати сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Афғонистон зиёда аз 1300 километр мебошад ва мураккабтарин минтақаи сарҳадӣ дар ҳудуди собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дониста шудааст.

А. Сангзода

Июль 4, 2017 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Раёсати Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти зиддимухаддиротии СААД дар соли 2027 ба Тоҷикистон гузашт
Байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Ёддошти тафоҳум оид ба эътирофи мутақобили шаҳодатномаҳои ронандагӣ ба имзо расид
Дар Прокуратураи генералӣ Рӯзи Президентро таҷлил намуданд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро шуд
80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид