Эмомалӣ Раҳмон: «Ёдгориҳои фарҳангиву таърихии қадимаи Балҷувон метавонанд ба рушди сайёҳӣ ва сарчашмаи муҳими фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ мубаддал гарданд»

Июль 27, 2017 10:52

ДУШАНБЕ, 27.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Балҷувон изҳор доштанд, ки шароити мусоиди иқлим ва ёдгориҳои фарҳангиву таърихии қадимаи ноҳияи Балҷувон метавонад ба рушди сайёҳӣ ва яке аз сарчашмаҳои муҳими фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, даромади аҳолӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, ҳифзи анъанаҳои халқии қадимӣ, аз ҷумла таомҳои миллӣ мубаддал гардад. Ба гуфтаи Сарвари давлат, «гарчанде то имрӯз бо дастгирии Ҳукумат дар ин самт як силсила корҳо ба анҷом расонида шудаанд, вале корҳои иҷрошуда то ҳол натиҷаҳои қонеъкунанда надодаанд. Ҳол он ки рушди сайёҳӣ дар ин минтақа метавонад ба яке аз сарчашмаҳои муҳими фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, даромади аҳолӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, ҳифзи анъанаҳои халқии қадима, аз ҷумла таомҳои миллӣ мубаддал гардад. Дар ин самт ҷидду ҷаҳди роҳбарону масъулони вилоят ва ноҳия, ҳамчунин соҳибкорон зарур аст. Дар ноҳия ғайр аз табиати зебову нотакрор, инчунин мавзеъҳои хушбоду ҳаво, чашмаҳои шифобахш, аз ҷумла, оби Султонвайсӣ, Қалъанак, Булғурӣ, Оби шулук, Касҳо ва Ҳибил мавҷуданд, ки дармонбахши бисёр намуди бемориҳо мебошанд».

Ба таъкиди Пешвои миллат, дар қаламрави ноҳия 145 навъи растании доруворӣ, 47 навъи растании асаловар ва 118 растании дорои равғани эфир ба қайд гирифта шудаанд, ки ба коркард фаро гирифтани онҳо метавонад боиси ташкили ҷойҳои нави корӣ ва таъмини эҳтиёҷмандон бо дорувории табиӣ, инчунин рушди саёҳати табобатӣ  гардад.

Июль 27, 2017 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд