Филмҳои коргардонҳои тоҷик дар Фестивали байналмилалии филмҳои мусулмонӣ намоиш дода мешаванд

Июль 17, 2017 15:33

ДУШАНБЕ, 17.07.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Ду филми коргардонҳои тоҷик дар Фестивали байналмилалии филмҳои мусулмонӣ, ки аз 5 то 11 сентябри соли равон дар пойтахти Тотористон шаҳри Қазон баргузор мегардад, намоиш дода мешавад.

Ба иттилои Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои иштирок дар ҷашнвораи мазкур 782 дархост аз 61 кишвар ворид гардида, ҳакамони ҷашнвора 60 филмро аз 27 кишвар барои иштирок интихоб намудаанд.

Аз Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии филмҳои мусулмонӣ филми «Мушкилкушо»-и Умед Мирзоширинов дар номинатсияи филмҳои бадеӣ ва филми «Комил»-и Сафарбек Солиев дар номинатсияи филмҳои ҳуҷҷатӣ намоиш дода мешавад.

«Мушкилкушо» дар бораи ишқи ҷавони москвагии санъаткор бо тоҷикдухтари зебоест, ки барои кор ба Россия меравад. Дар ин филм урфу одатҳои мардуми Бадахшон инъикос гардидааст.  Филми  ҳуҷҷатии «Комил» аз ҳаёт ва фаъолияти эҷодии коргардони машҳури кинои тоҷик Комил Ёрматов қисса мекунад.

Фестивали байналмилалии филмҳои мусулмонӣ дар Қазон аз соли 2005 инҷониб баргузор мегардад. То соли 2010 Фестивал «Минбари тиллоӣ» унвон дошт. Он аз ҷониби Вазорати фарҳанги Тотористон, Ҳукумати шаҳри Қазон ва Шӯрои муфтиҳои Россия роҳандозӣ мешавад. Барои иштирок дар ҷашнвора филмҳое, ки дар онҳо арзишҳои маънавии умумибашарии инсонӣ ва анъанаҳои фарҳангие, ки ғояҳои сулҳпарварона ва инсондӯстона инъикос менамоянд, интихоб карда мешаванд.

Июль 17, 2017 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Таърихи фарҳанги мусиқии тоҷикро аз деворнигораҳои асрҳои VI–VIII метавон мушоҳида кард
Маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Ганҷинаи таърих ва фарҳанги тоҷикон» баргузор мегардад
Дар Душанбе мавсими 17-уми Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон оғоз гардид
Ба ифтихори 145-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад
«Борбади Марвазӣ — нобиғаи нотакрори мусиқии Шарқ», — бардошт аз конфронси байналмилалӣ дар Душанбе
Дилрабо Мансурӣ: «Муаррифии мероси Борбади Марвазӣ ба ғанигардонии фарҳанги башарӣ мусоидат мекунад»
Шоҳрух Аҳкомӣ: «Талошҳои Президенти Тоҷикистон воқеан арзандаи қадрдонӣ ва сипосгузорӣ мебошанд»
Конфронси байналмилалии «Саҳми таърихии Борбади Марвазӣ дар рушди мусиқии анъанавии Шарқ» оғоз шуд
Оид ба сиёсати давлатӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар шароити рақамикунонӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Адиби тоҷик Сипеҳр Ҳасанзод дар Тошканд ба узвият ва ҳайати Иттифоқи ҷаҳонии ходимони эҷодиёти халқ пазируфта шуд
Муҳаққиқи афғони муқими шаҳри Ҳамбурги Олмон: «Мардуми шарифи Тоҷикистон соҳиби ганҷинаи бузурги маънавӣ ҳастанд»
Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ мегардад