Филмҳои коргардонҳои тоҷик дар Фестивали байналмилалии филмҳои мусулмонӣ намоиш дода мешаванд
ДУШАНБЕ, 17.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ду филми коргардонҳои тоҷик дар Фестивали байналмилалии филмҳои мусулмонӣ, ки аз 5 то 11 сентябри соли равон дар пойтахти Тотористон шаҳри Қазон баргузор мегардад, намоиш дода мешавад.
Ба иттилои Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои иштирок дар ҷашнвораи мазкур 782 дархост аз 61 кишвар ворид гардида, ҳакамони ҷашнвора 60 филмро аз 27 кишвар барои иштирок интихоб намудаанд.
Аз Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии филмҳои мусулмонӣ филми «Мушкилкушо»-и Умед Мирзоширинов дар номинатсияи филмҳои бадеӣ ва филми «Комил»-и Сафарбек Солиев дар номинатсияи филмҳои ҳуҷҷатӣ намоиш дода мешавад.
«Мушкилкушо» дар бораи ишқи ҷавони москвагии санъаткор бо тоҷикдухтари зебоест, ки барои кор ба Россия меравад. Дар ин филм урфу одатҳои мардуми Бадахшон инъикос гардидааст. Филми ҳуҷҷатии «Комил» аз ҳаёт ва фаъолияти эҷодии коргардони машҳури кинои тоҷик Комил Ёрматов қисса мекунад.
Фестивали байналмилалии филмҳои мусулмонӣ дар Қазон аз соли 2005 инҷониб баргузор мегардад. То соли 2010 Фестивал «Минбари тиллоӣ» унвон дошт. Он аз ҷониби Вазорати фарҳанги Тотористон, Ҳукумати шаҳри Қазон ва Шӯрои муфтиҳои Россия роҳандозӣ мешавад. Барои иштирок дар ҷашнвора филмҳое, ки дар онҳо арзишҳои маънавии умумибашарии инсонӣ ва анъанаҳои фарҳангие, ки ғояҳои сулҳпарварона ва инсондӯстона инъикос менамоянд, интихоб карда мешаванд.








Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад






