Имрӯз 7 июл, ҷумъа, 188-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 177 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Июль 7, 2017 08:33

 

 

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша  

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

7 июли соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон Амар Сингҳро бинобар анҷом ёфтани муҳлати сафириаш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳузур пазируфта буданд. Зимни суҳбати пурмўҳтаво муносибатҳои Тоҷикистону Ҳиндустон дорои дурнамои умедбахш арзёбӣ гардид.

***

7 июли соли 2012 Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини Ҳукумати Ҷумҳурии Тиҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони вазорату кумитаҳо машварати корӣ доир намуда буданд.  Сарвари давлат ба масъулин баҳри тезонидани корҳои сохтмонӣ, аз ҷумла биноҳои маъмурӣ, муассисаҳои таълимиву фарҳангӣ ва иҷтимоиву тандурустӣ, вусъати минбаъдаи корҳои созандагию ободонӣ, бунёди пулу роҳҳо, 6 неругоҳи хурди барқию обӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ ва сӯзишворӣ дастуру супоришҳо доданд.

***

Имрӯзи соли 2013 дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ дар ҳузури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин дармонгоҳ ва шифохонаи хусусӣ дарҳои худро ба рӯи ниёзмандон боз намудааст. Муассисаи тиббии мазкур бо техникаю таҷҳизоти муосири муоина, ташхис ва табобат муҷаҳҳаз буда, ба он мутахассисони баландпоя ба кор даъват шудаанд. Аз ҷумла шуъбаи ҷарроҳии он дорои дастгоҳе мебошад, ки бо он амалиёти ҷарроҳӣ бе буридани бадан, яъне бо сӯрох кардан анҷом дода мешавад.

***

7 сол муқаддам, 7 июли соли  2010 Гурӯҳи корӣ бо роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов ба як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сафар карда буданд. Гурӯҳи корӣ аз 7 то 9 июл аз рафти корҳои якчанд хоҷагиҳои деҳқонӣ ва объектҳои сохтмонии обёрикунии вилоят боздид ба амал оварда буданд.

 6 ИЮЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Ҷазираҳои Кайманов – Рӯзи Конститутсия.

***

Дар Танзания – Рӯзи кишоварзӣ.

***

Дар Осетияи Шимолӣ – Рӯзи ҷумҳурӣ.

РӮЙДОДҲО:

7 июли соли 2009 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Бонки рушди Осиё барои дастгирии барномаҳои муҳими иҷтимоӣ бо маблағи 40 миллион доллари амрикоӣ созишномаи грантӣ ба имзо расонидаанд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар Бишкек ба муносибати 25-солагии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷаласаи Шӯрои сайёҳии кишварҳои ИДМ баргузор гардида буд.

***

Зиёда аз 250 сол муқаддам, 7 июли соли 1754 дар Ню-Йорк Коллеҷи Шоҳ таъсис дода шудааст, ки ҳоло ҳамчун Донишгоҳи Колумбия машҳур аст.

***

Инчунин 7 июли соли 1914 Парлумони Австрия барои муқобили Сербия оғоз намудани  ҷанг қарор қабул намудааст.

***

Дар ин рӯзи соли 1607 аввалин маротиба Суруди миллии Британияи Кабир «Худоё, Шоҳи (Маликаи) моро нигоҳ дор!» (God save our gracious Queen (King)!) садо додааст.

***

7 июли соли 1970  миёни Иттиҳоди Шӯравӣ ва Руминия Шартномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва  кумакҳои дуҷониба ба имзо расидааст.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1917 аввалин маротиба дар Парлумони  Эстония интихобот сурат гирифтааст.

***

Соли 1993 дар Иёлати Висконсини Америка  ғолибияти аз ҳама бештари маблағи лоторея ба қайд гирифта шудааст, ки маблағи бурдкардааш 111 миллион доллари америкоиро ташкил додаст.

 

 

Июль 7, 2017 08:33

Хабарҳои дигари ин бахш