Имрӯз 8 июл, шанбе, 189 -умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 176 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Июль 8, 2017 09:28

 

 

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша  

 шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

8 июли соли 2004 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо Котиби иҷроияи ИДМ Владимир Рушайло маҷмӯи васеи масъалаҳои дорои характери минтақавию байналмилалӣ, ҳамкориҳои иқтисодии миёни мамлакатҳои узви ИДМ ва дигар мавзӯъҳои муҳими вобаста ба робитаҳои бисёрҷонибаи Тоҷикистонро баррасӣ карданд.

***

8 июли соли 2010  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Искодари ноҳияи Айнии вилояти Суғд хишти аввали зеристгоҳи хатти баландшиддати барқи Хуҷанд-Айниро гузоштанд, ки арзиши лоиҳавии он зиёда аз 130 миллион сомониро ташкил медиҳад.

***

8 июли  соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари Департаменти федеролии молияи Швейтсария  Эвелин Видмер-Шлюмпфро ба ҳузур пазируфта буданд. Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Швейтсария баррасӣ шуда буд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамкориву ҳамшарикии Тоҷикистону Швейтсария изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид доштанд: «Мо Швейтсарияро яке аз шарикони муҳими худ дар қитъаи Аврупо медонем ва ба густариши робитаҳо бо он таваҷҷуҳи хос дорем».

***

Дар ин рӯзи соли 2015  дар шаҳри Уфа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин мушкилоти вобаста ба фаъолияти муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Федератсияи Россияро баррасӣ намуданд.  Аз иҷозати дубораи воридшавӣ ба Россия гирифтани як зумра шаҳрвандони Тоҷикистон, хусусан донишҷӯёни тоҷик изҳори қаноатмандӣ карда шуда, ҳамзамон таъкид гардида буд, ки корҳо барои додани сабукиҳои дигар ба муҳоҷирони кории Тоҷикистон ва ҳам танзими ҳуқуқии ин раванд бояд идома ёбад.

8 ИЮЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Рӯзи маъюбон ва пиронсолон.

***

Дар Замбия — Рӯзи Ваҳдат.

***

Дар Россия — Рӯзи  оила, боварӣ ва муҳаббат.

 РӮЙДОДҲО:

8 июли соли 1932 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияи Данғара таъсис дода шудааст.

***

8 июли соли 1884 дар Лондон Ҷамъияти миллӣ оид ба пешгирии бераҳмӣ нисбат ба кӯдакон.

***

Дар ин рӯзи соли 1918 дар шаҳри Киеви Украина Сенати давлатии Украина ташкил карда шудааст.

***

91 сол муқаддам, 8 июли соли 1926 Шоҳи Сауд Арабистони Саудиро таъсис додаст.

***

Имрӯзи соли 1944 дар Иттиҳоди Шӯравӣ унвони фахрии «Қаҳрамонмодар» таъсис дода шуддааст.

***

8 июли соли 1962 дар Прага Чемпионати ҷаҳон оид ба гимнастика ба анҷом расидааст.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1796 Департаменти давлатии ИМА аввалин маротиба ба шаҳрвандони ин кишвар шиноснома додааст.

***

Соли 1889 аввалин шумораи рӯзномаи «The Wall Street Journal», ки яке аз бонуфузтарин рӯзномаҳои ИМА мебошад, нашр шудааст. Соли 2010 адади нашри он ба зиёда аз 2 миллиону 100 ҳазор нусха расидаст.

Июль 8, 2017 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш