Имрӯз – Рӯзи моҳипарварон: дар ВМКБ шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ сол то сол афзоиш меёбад
ХОРУҒ, 09.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даҳҳо кӯлу ҳавзҳои сунъӣ ва рӯдхонаву обанборҳо мавҷуданд, ки барои ташкил ва рушди соҳаи моҳидорӣ заминаи хуб мебошанд. Ҳоло дар вилоят 12 хоҷагии моҳипарварӣ фаъолият мекунанд ва ҳамасола дастурхони мардумро аз ин ғизои муфид ба қадри имкон таъмин месозанд.
Бино ба иттилои муовини сардори Раёсати кишоварзии вилоят Адолат Ҳайдарова, соли гузашта моҳипарварони вилоят беш аз 15 тонна моҳиро ба бозор бароварданд. Аз ҷумла, хоҷагиҳои моҳипарварии «Осман»-и ноҳияи Рӯшон 1,5 тонна, хоҷагиҳои моҳипарварии «Ёмҷ»-и ноҳияи Шуғнон 1 тонна, Роштқалъа 0,5 ва Булункӯл, Турумтайқӯл, Ойқӯли ноҳияи Мурғоб беш аз 12 тонна моҳӣ истеҳсол намуданд.
Мутаассифона, бар асари обхезии ду-се соли охир чанд ҳавзи моҳипарварӣ, аз ҷумла «Мирен»-и шаҳри Хоруғ ва «Барчид»-и ноҳияи Шуғнон хароб гардиданд ва ҳоло соҳибони ин хоҷагӣ барои дуввумбора барқарор кардани ин ҳавзҳо талош доранд.
Ҳавзи хоҷагии моҳипарварии «Осман»-и ноҳияи Рӯшон низ дар канори рӯдхонаи Панҷ ҷойгир аст ва ҳар сол дар мавсими обхезӣ осеб медид, аммо имсол дар масофаи 500 метр соҳили рӯдхонаро бо сангҳои хоро мустаҳкам карданд. Сарвари хоҷагии моҳипарварии «Осман» Мансур Давлатмамадов гуфт, ки дар ин ҳавз зиёда аз 10 ҳазор моҳӣ ва моҳичаҳо парвариш карда мешаванд. Онҳое, ки ба тозагӣ ба шуғли моҳидорӣ машғул мешаванд, метавонанд ройгон аз ин ҳавз моҳичаҳо дастрас кунанд. Номбурда гуфт, ки соли гузашта ба баъзе аз хоҷагиҳои навтаъсиси моҳипарварӣ ҳазор дона моҳича туҳфа карданд. Ба наздикӣ ба хоҷагии таҷрибавии моҳипарварии деҳаи Анбави ҷамоати Барвози ноҳияи Роштқалъа 200 дона моҳича тақдим намуданд.
Дар обанборҳои вилоят зиёда аз 100 тонна моҳӣ мавҷуд аст. Дар ҳавзҳои сунъӣ зағорамоҳӣ, сазан, амури сафед, дар кӯлҳои табиӣ османмоҳӣ, ширмоҳӣ ва гулмоҳӣ парвариш меёбанд. Азбаски аксарияти кӯлу ҳавзҳои моҳипарварӣ садҳо километр аз шаҳри Хоруғ дуранд, ҳангоми интиқол дар аксарияти ҳолатҳо моҳӣ сифати худро гум мекунад. Бинобар ин ҳангоми мулоқоти Пешвои миллат бо сокинони шаҳри Хоруғ гурӯҳе аз хоҷагиҳои моҳидорӣ хоҳиш намуданд, ки дар ҳалли ин мушкилиҳо ба онҳо кумак расонанд. Соли гузашта дар остонаи ҷашни Ваҳдати миллӣ Ассотсиатсияи моҳипарварони вилоят соҳиби нақлиёти махсуси интиқоли моҳӣ (рефрижератор) гардиданд. Ҳоло моҳидорон барои ба бозорҳои шаҳри Хоруғ ва деҳоти атрофи он интиқол додани моҳӣ ҳеҷ мушкил надоранд.








3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд






