Иштироки Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии махсуси “Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиии марбут ба об”

Июль 21, 2017 11:08

ДУШАНБЕ, 21.07.2017./АМИТ «Ховар»/. 20 июли соли 2017 Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода дар чорабинии сеюми махсуси СММ оид ба об ва офатҳои табиӣ таҳти унвони “Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва офатҳои табии марбут ба об”, ки дар қароргоҳи СММ дар ш. Ню-Йорк баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар доданд.

Дар суханронии худ Вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар ба афзоиши назарраси офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон таъкид намуда, аз афзоиши таъсири тағйирёбии иқлим ба вазъи экологӣ дар кишвар, аз ҷумла обшавии миқдори зиёди барфу пиряхҳо ёдовар гардид.

Н. Ҳикматуллозода ҳамчунин изҳори умедворӣ намуд, ки Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028″ ба таҳкими иқтидор ва табодули таҷрибаву дониш, баланд бардоштани ҳамкорӣ ва шарикӣ дар соҳаи офатҳои табии вобаста ба об кӯмак хоҳад кард.

Вазири иктисод-2 Вазири иктисод-3

 

Июль 21, 2017 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид