Истаравшан метавонад ба як шаҳри сайёҳӣ табдил ёбад-бардошт аз нишасти матбуотии Раиси шаҳри Истаравшан бо намояндагони ВАО

Июль 25, 2017 10:16

ДУШАНБЕ, 25.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. 21 июл дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан нишасти матбуотии Раиси шаҳр Баҳром Иноятзода бо намояндагони воситаҳои ахбори омма доир шуд.

Баҳром Иноятзода доир ба ҷамъбасти рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳр дар нимсолаи аввали соли 2017 иброз дошт, ки дар натиҷаи корҳои анҷомдодаи воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, зерсохторҳои маҳаллии он, ҷомеаҳои меҳнатӣ, соҳибкорону аҳолӣ дар ҳамаи самту соҳаҳои фаъолият натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шуд. Зикр шуд, ки давоми нимсолаи аввали соли равон иҷрои нақшаҳои пешбинишудаи қисми даромади буҷети давлатӣ бо назардошти андози иҷтимоӣ 102,2 фоиз иҷро гардид. Мувофиқи нақшаи пешбинишуда ба буҷет ба ҷои 68,1 млн. сомонӣ амалан ­­­­­­69,6 млн сомонӣ ворид гашт, ки ин нисбат ба нақшаи пешбинишуда 1 млн 506 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи пешбинишудаи даромад ба буҷети маҳаллӣ 104,1 фоиз иҷро гардид. Дар нимсолаи аввал бояд ба буҷети маҳаллӣ 42 млн 403,4 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардад, амалан дар ин давра 44 млн 124,8 ҳазор сомонӣ ворид гашт, ки он аз нақшаи пешбинишуда 1 млн. 721,4 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр 5 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида истодаанд, ки маблағи умумии  татбиқи лоиҳаҳои мазкур дар соли 2016 432,7 ҳазор доллари амрикоиро ташкил додааст.

Дар нимсолаи аввали соли равон майдони Ғалабаи шаҳр пурра таъмиру навсозӣ гардида, дар мавзеи таърихии «Қалъаи Муғтеппа» айни замон корҳои ободонӣ ва азнавбарқароркунӣ бомаром идома доранд.

Умуман, давоми шаш моҳи соли 2017 аз ҷониби сохтмончиён ба маблағи 9 млн. 252,4 ҳазор сомонӣ корҳои пудратӣ ба иҷро расонида шуданд,  ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 393,1 ҳазор  сомонӣ зиёд буда, 104,4 фоизро дар бар мегирад.

Истаравшан. Нишасти матбуотиДар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар шаҳр 4 корхонаи саноатии хурду миёнаи нав, аз ҷумла Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нигин 5» барои истеҳсоли пойафзол, «Адл» барои истеҳсоли бозичаҳои баччагона, «Суруш 77» барои истеҳсоли орд ва «Шукронаи илҳом» барои истеҳсоли хишти пухта ба фаъолият шурӯъ намуданд.

Зимни нишаст зикр шуд, ки дар шаҳр 73 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 мактаби миёнаи асосӣ, 1 литсей, 6 гимназия,  1 мактаби хусусӣ, 1 гимназияи хусусӣ, 1 мактаб-парваришгоҳ, 1 маркази таҳсилоти иловагӣ, 55 ҳазору 640 нафар хонандагон, аз ҷумла 26 ҳазору 995 нафар духтарон таҳсил менамоянд.

Ҳоло бо маблағгузории буҷети маҳаллӣ ва дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №61 деҳаи Найман сохтмони се синфхонаи иловагӣ барои 75 ҷойи нишаст, дар деҳаи «Кунҷок» сохтмони чор синфхонаи иловагӣ барои 100 ҷойи нишаст, мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №21 деҳаи Чорбоғ шаш синфхонаи иловагӣ барои 150 ҷойи нишаст, мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 59 се синфхонаи иловагӣ барои 75 ҷойи нишаст, деҳаи Сӯфи Ориф чор синфхонаи иловагӣ барои 100 ҷойи нишаст, деҳаи Ругунд шаш синфхонаи иловагӣ барои 150 ҷойи нишаст, деҳаи Боғи Калон ҳашт синфхонаи иловагӣ барои 200 ҷойи нишаст бо маром идома доранд.

Дар шаш моҳи соли равон аз буҷети шаҳр барои соҳаи тандурустӣ 10 млн 600 ҳазору 743 сомонӣ равона гардидааст. Инчунин як қатор шуъбаҳои беморхонаи марказии шаҳр аз таъмири капиталӣ бароварда шуда, хатти маркази барқу гармидии онҳо барқарор карда шуд.

Ҳамчунин Раиси шаҳр Баҳром Иноятзода доир ба мушкилот, дастовард ва нақшаҳои соҳаи сайёҳии шаҳр Истаравшан, ки метавонад бо фароҳам овадани инфрасохтори зарурӣ ба як шаҳри сайёҳӣ табдил ёбад,  маълумот дод.

 

Июль 25, 2017 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Лахш барои фаъолияти самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистон беш аз як миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст
Чӣ тавр тарофаро дар якчанд дақиқа метавон фаъол кард?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
50 ҳазор аҳолии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо оби тозаю безарари нӯшокӣ таъмин мегарданд
Ба Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҷҳизоти нави озмоишӣ дастрас карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» дар кинофестивали байналмилалии «Шилингел» дар Олмон намоиш дода шуд
Тоҷикистон мизбони ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
«КИТОБХОНА — КОХИ МАЪРИФАТ». Дар шаҳри Кӯлоб ҳамоиши дӯстдорони китоб доир шуд
Дар шаҳри Панҷакент пойгоҳҳои обкашӣ барқарор карда мешаванд
Доир ба нақши забони давлатӣ дар таҳкими худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ ҳамоиш баргузор гардид