Камол Насрулло, Шоири халқии Тоҷикистон: «Анъана ва ҷашну маросимҳо нишондиҳандаи маърифати халқанд»
ДУШАНБЕ, 10.07.2017./АМИТ “Ховар”/. Мусаллам аст, ки ҳар халқ ҷашну маросим, анъана ва расму ойинҳои шоистаи милиии худро дорад, ки дар тӯли таърихи дуру дароз вобаста ба муҳити зиндагӣ, ҷаҳонбинӣ ва ҳадафҳои рӯзгор ба вуҷуд омадаву шакл гирифтаанд. Расму ойин, анъана ва маросимҳои миллии ҳар халқ бидуни шубҳа фарҳанги одобу ҳунар ва маърифати он халқро таҷассум менамоянд. Миллате чун миллати мо куҳанбум ва соҳибтамаддун табиист, ки фарҳангу маданияти ғанитаре дорад, ки метавон дар асоси он аз бисёр хусусиятҳои рӯҳониву маънавии он қазоват кард.
Бидуни шубҳа, анъана ва ҷашну маросимҳо дар навбати худ нишондиҳандаи сатҳи маърифату фарҳанги ҳар халқанд. Агар мо ба таърих ва номгӯи анъанаву суннатҳои миллиамон рӯ орем, мебинем, ки дар муқоиса бо дигар халқҳо аз ҷиҳати теъдоду гуногунӣ суннату ойинҳои миллии мо хеле рангорангу сершуморанд ва боз ҳам гувоҳи фарҳангсолории мардумамон мебошанд. Аслан,агар нек бингарем, тамоми зуҳуроти зиндагиву рӯзгори тоҷикон иборат аз анъанву суннат ва ҷашну маросимҳост. Аз рӯзи нахустини таваллуди тифл ин маросиму ойинҳо оғоз меёбанд ва дар тӯли умр ҳамсафари ҳамешагии мо ҳастанд.Боиси қаноатмандӣ ва ифтихори мо тоҷикон аст, ки тамоми ин маросиму суннатҳо ҳадафҳои нек ва аҳамияти тарбиявиву ахлоқӣ дошта, намои озодагиву озодӣ мебошанд. Масалан, аввалин маросими хонаводагӣ пас аз таваллуди тифл садо андохтан дар гӯши кӯдак, яъне хондани азон, шустани тифли навзод аст, ки танҳо баъд аз уфтодани нофи тифлак ба ҷо оварда мешавад. Сипас, маросими ҷолиби дигар гаҳворабандон аст, ки одатан баъд аз баромадани чиллаи кӯдак барпо мегардад. Дар ин маросимҳо наздикон, пирону ҷавонони хонавода ва хешу ақрабо иштирок мекунанд. Ва ҳар яки ин суннатҳо як саҳначаи ҳунариро мемонанд, бо раҳнамоии андешаи солим ва хирад тарҳрезӣ мешаванд.
Чунон ки гуфтем, ин суннатҳо, ки ҳама тарбиявиву ахлоқиянд ва ба ҳамин тартиб давом мекунанд, мисли: чиллагурезон, мӯйисаргирон, баъдан хатнатӯй, ки низ ҳадафҳои гигиении худро доранд. Бубинед, ҳамон мӯйисаргирон ҳам ба хотири беҳдошт,тозагиву озодагии тифл аст, ҳамон гаҳворабандон ҳам ба хотири тозагӣ, сиҳатӣ ва беосеб ба дасту по ва сару тани солим парвариш ёфтани инсони оянда сурат мегирад.
Дар маросими чиллагурезон , ки низ дар ҳавои шодиву сурур ва меҳмоннавозиҳо баргузор мегардад, тифл бори нахуст ба ҳавои дигар, ба муҳити дигарбароварда мешавад. Яъне то ҷойе шиносоии нахустини ӯ бо олами беруна ба вуқӯъ мепайвандад.
Ҳангоми гузаронидани ин маросимҳо дуо, ниёиш ва суханони раҳнамое садо медиҳанд, ки нур, фараҳ , бовару умед, орзуҳои некро дунболагиранд ва бидуни шубҳа ба олами рӯҳонии тифл ва атрофи он таъсири солиму манфиатбахши худро мерасонанд.
“Расми хуби тоҷиконро гум макун!”,- хитоб кардаанд устод Мирзо Турсунзода. Метавон бо қаноатмандӣ зикр кард, ки аксари суннатҳову маросимҳои миллии мо ифтихори миллати моянд ва мо суннату анъанаҳое дорем, ки ҷаҳонро тасхир кардаанд ва миллатҳои дигар ба онҳо бомуҳаббат ва ҳавас менигаранд. Баъзеи ин суннатҳо, чунон ки гуфтем, саҳнаҳои ибратбахш ва раҳнамои хираду озодиву озодагиянд.
Вежагии ҷолиби ойину суннатҳои мо дар он зоҳир мешавад, ки аксарашон хайрхоҳонаву инсондӯстона ва, аз ин сабаб, башардӯстона ҳам ҳастанд. Танҳо суннатҳои наврӯзии миллати мо то ҷойе мақбули мардуми олам шуданд, ки имрӯз Наврӯзи моро наврӯзи ҷаҳонӣ эълон кардаанд.
Аммо бо ин ҳама шоистагӣ ва ҳадафҳои неку воло чӣ зарурат пеш омада, ки имрӯз дар кишвари мо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул карда шавад? Оре, саргармии зиёди мардуми мо ба гузаронидани маросиму ҷашнҳо имрӯз ба зиёдаравиҳо овардааст. Ин ҷо ду асос ҳаст.
Асоси аввал, ба гумони банда, боз ҳам содагиву самимияти зиёди мардуми мо, саргармии онҳо, худро кам надонистан аз дигарон, аз қатор намонданҳо ва ин маросиму маъракаҳоро чун нангу номус, чун иззати нафси худ ва хонаводаи худ қабул кардан аст. Аз сари нанг “ман на кам аз дигаронам” гӯён, бар зиёни худу хонаводаи худ амал кардани баъзе одамон ба ин зиёдаравиҳо овардааст. Аммо ба кӣ лозим аст чунин худфидоиву қурбонӣ, вақте ки беш аз худнамоӣ ва исрофкории беақлона нест ва ақли солим онро қабул надорад? Худнамоиест, ки бар зарари хонавода аст. Хароҷоти як маъракаи ҳангомадоре, ки барои як соат ё як рӯз асту бақо надорад, ба кӣ даркор аст? Оре, ба ҳеҷ кас. Аз ин рӯ имрӯз наметавон инро зуҳуроти солим гуфт. Ва бояд иқрор шуд, ки ин сабукхезиҳо, ки заминаашон на андешаи амиқ ва на маърифати солим аст, гувоҳи қафомонии фарҳанги иддае аз ҳамдиёрони мост. Он хароҷотеро, ки метавон барои ободии дару даргоҳ, таълиму тарбияи фарзандон сарф кард, барои ҳеҷ, барои як шуҳрати дурӯғин сарф мекунем.
Асоси дуюм ва, гумон мекунам, асоси аслӣ дар зиёдаравии мардуми мо ҳангоми истифодаи баъзе маросиму маъракаҳо, гирифторӣ ба таассуб ва хурофот аст. Бовару эътимоди кӯр-кӯрона ба таассубу хурофот мардуми моро ба ин гӯливу гумроҳиҳо андохтааст ва баъзеҳо ба ин ботлоқ он қадар ғӯтидаанд, ки лозим омад худи Пешвои миллат лоиҳаи чунин як қонунро пешниҳод намоянд. Ва ҳатто баъди қабули Қонун низ зарур омадааст идораву сохторҳое таъсис дода шаванд, ки иҷрои онро таҳти назорат гиранд, зеро баъди қабули Қонун ҳам зиёдаравӣ, риоя накардани он давом дорад.Оё ин ҳама хароҷот зиён ба хазинаи давлат нест?!
Акнун саволе пайдо мешавад, ки чаро? Чаро иддае аз мардуми мо гирифтори таассубу хурофотанд? Банда дар ин маврид дар мақолаҳои худ “Чаро мо гирифтори хурофотем? “ ва “Доми тазвир”, ки дар сомонаи АМИТ “Ховар” интишор ёфтаанд, изҳори ақида ва пешниҳодҳо кардаам. Ҳоло мухтасар мегӯям, ки барои муолиҷаи беморӣ аввал омилҳо ва сабабҳои пайдоиши онро бояд муайян кард ва барои рафъаш чораҳо андешид.
Саволҳое, ки моро бояд ба андеша оранд, инҳоянд: чаро масъалаи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо маҳз дар кишвари мо ба ин ҷиддият рӯ зад, то ҷойе, ки Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” қабул гардид? Чаро дар дигар кишварҳои дунё, масалан Амрикову Аврупо, Чину Ҳиндустону Покистон, дар кишварҳои араб ва ҳатто ҳамзабонони мо -Эрону Афғонистон ин масъала ба он дараҷае, ки мушкилоти сунъӣ пеш орад, вуҷуд надорад? Чаро маҳз мо, тоҷикон гирифтори онем? Ба ростӣ, масъалаест, ки равоншиносону ҷомеашиносону коршиносони мо бояд мавриди таҳқиқи ҷиддӣ қарор диҳанд.
Боз ҳам мадюни ақлу заковати Пешвои миллатамон ҳастем, ки худашон нахустин шуда ин масъалаи барои зиндагии мардуми мо бисёр муҳиму ҷиддиро пайгирӣ карданд ва пайваста чораҳое андешиданд, ки дар баробари эҳёи ҳунар ва суннатҳои неки халқамон, аз зиёну зарари таассубу хурофот, зиёдаравиҳои беманфиату зарарнок дар гузаронидани ҷашну маросимҳо моро ҳушдор доданд ва саривақту бамаврид чораҳои даркорӣ андешиданд ва ин Қонун ба тавсиб расид.
Банда чунин мешуморам, ки хароҷотҳои бемавриду нодаркор ва зарарнок, зиёдаравӣ нишони қафомонии фарҳангии ва гирифтори хурофот будани онҳоест, ки ба ин ҳама роҳ медиҳанд. Охир дар ин зуҳуроти шигифтангез – гирифтории мо ба таассубу хурофот ҳолатҳоест, ки ақли солим наметавонад онҳоро қабул кунад. Бовари кас намеояд, ки мо то ҳамин дараҷа қафомондаву муттаассибем! Оё айб нест онҳоеро, ки ҳар бегоҳи ҷумъа ва бегоҳи душанбе дар баъзе маҳалҳову ноҳияҳои мо ба хонаи одамони мотамдидаву мусибатзада рафта, ба ҷойи кӯмаку дастгириву ҳамдардӣ, бешармона ғизо мехуранд, ҳатто агар ин одами мусибатзада камбағалу нодор ҳам бошад?! Ва ин амали( мебахшед) зишт то як сол давом мекунад. Мо хуб медонем одамонеро, ки илова ба мусибати ба сарашон омада дар қарзҳо меғӯтанду муфлистар мешаванд. Оё ин шигифтангез нест ва мо чӣ мардумем, агар муросо бо ин зуҳурот мекунем, ки ягон вобастагӣ ба дину шариат надорад? Чунон ки тамоми таассубу хурофоти мо низ ба дини шарифи ислом вобастагӣ надошта, асосаш қафомонии фарҳангӣ, тарсуӣ, дурӣ аз андешаи солим аст. Барои миллати соҳибтамаддуни мо айб нест?! Айб нест, ки мо ба ҷойи дастгириву мададгорӣ ба хонаводае, ки як тифл ё як ҷавони наврас, ягон ҷигарбанди худро аз даст додааст, меоему ба сари дастархонаш нишаста, оши худоӣ мехурем?! Ин ошеро, ки аз гулӯи инсони солим бояд нагузарад, ба номи Худо марбут медонем ва аз номи ӯ эълон мекунем: оши худоӣ? Вой бар мо!
Дар мавриди зиёдаравӣ дар маъракаҳои тӯйҳои суннативу арӯсӣ низ ҳамин ҳолат бори гарони хонаводаҳо шудааст. Масалан, ҳикоят карданд, ки ҷавоне баъд аз гузаронидани тӯйи арӯсии худ, ба ҷойи он ки бо арӯси навбависолрасидаи худ монад, маҷбур шуда, ки ӯро танҳо гузошта ба мардикорӣ ба кишвари бегона равад, зеро волидайн барои додани қалин ва гузаронидани тӯйи ӯ маҷбур буданд қарзи миёншикан гиранд. Дар ин росто мардум иқдоми неки Ҳукумат ва шахсан Пешвои миллатро дар мавриди дар рӯзҳои ҷашну идҳо барпо кардани маъракаҳои дастҷамъии тӯйҳои арӯсиву хатна аз ҷониби ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ашхоси саховатпеша бисёр бамаврид ва ибратбахш арзёбӣ мекунанд.
Мутаассифона, мо имрӯз аксаран танҳо дар бораи худоиву тӯйҳо сухан мекунему онҳоро таҳти назорат гирифтаем. Ҳол он ки маъракаву маросимҳои зиёди дигаре ҳам ҳастанд, ки хароҷоти бемаънову зиёдатӣ ва зиёноварро ба бор овардаанд. Масалан, арӯсбинон ва ё домодталбон, ки дар баъзе маҳалҳо ва дар баъзе мавридҳо хароҷоти бемаънову ҳангуфтеро пайгирӣ мекунанд, ки на кам аз хароҷоти як тӯй аст. Дар домодталбон ва ё арӯсбиноне, ки баъд аз гузаронидани тӯй сурат мегирад, теъдоди зиёди меҳмонон иштирок мекунанд ва низ зиёфатҳои нодаркору зиёдатӣ (ҳарчанд, ки ҳамон зиёфати тӯй кифоя буд) дода мешаванд. Баъзан лозим меояд, ки камаш ба даҳ — понздаҳ, вагарна ба бисту сӣ нафар хешу табори ин ё он ҷониб тӯҳфаву сару либосу дастурхонҳо ҳадя кунанд. Ва аксаран инҳо ҳадяҳоеанд, ки ҳеҷ зарурат надоранд. Танҳо тилловориҳое, ки баъзан тарафҳо вазифадоранд тақдим кунанд, шигифтангез аст ва ин ҳама низ ба тариқи мусобиқаи: кӣ бештар обрӯ метавонад гирад, идома мекунад.
Аз назари мо ин зуҳурот ҳам хуб нест, ки кӯдаконамон барои як сақич дар идҳои Қурбону Рамазон халта дар даст дар ба дар мегарданд. Оё ин рафтор хӯйи гадоиву талбандагиро дар кӯдакони мо парвариш намедиҳад?! Чаро дар ҳеҷ ҷойи дунё ин зуҳурот дида намешаваду дар мо на ин ки вуҷуд дорад, балки сол то сол авҷ мегирад? Кадом муҳаққиқ метавонад ин зуҳуроти шигифтангезро таҳқиқ кунад?
Банда, ки анқариб дар ҳайати гурӯҳҳои тарғиботии Ҳукумати кишвар бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ ба ноҳияҳои кӯҳистон сафар кардаву бо мардум мулоқотҳо доштам, шоҳиди он будам, ки одамон бо чӣ самимияту қаноатмандӣ бо ин Қонун ҳамовозанду аз он дастгирӣ мекунанд ва зиёда аз ин пешниҳодҳои хеле ҷолиби худро барои гирифтани пеши роҳи зиёдаравӣ дар маросимҳо арза медоранд. Масалан, мардум ҷонибдори он нестанд, ки дар рӯзи идҳои Рамазону Қурбон дастурхонҳои ҳангуфт ороста шавад, зеро на ҳама барои ин маблағ ва қудрат доранд. Аммо, азбаски як- ду нафар доранда ин корро мекунанд, онҳо низ намехоҳанд дар хиҷолат монанд ва маҷбуранд бо қарзу қавола дастурхон ороянд, ки ҷуз исрофкорӣ нест. Нафаре пешниҳод кард, ки чун дар кӯҳистон ҳамеша меваву сабзавот ҳаст, дастурхонҳои идона бидуни ороишоти дигар, танҳо бо онҳо ороста шаванд. Яъне бисёриҳо маҷбуран ин зиёдаравиҳоро мекунанд. Ва дар ин маврид низ беҳтар аст қонуне қабул карда шавад, ки ҳама зиёдаравиҳоро (хонда шавад: ифротгариҳоро!) ном ба ном манъ кунад.
Ин аст, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” боз ҳам саривақтиву зарур, ба манфиати мардум, пеш аз ҳама ба манфиати халқи оддии заҳматкаш аст.
Дар мавриди қонуни дигари ҷиддӣ ва саривақтии давлатамон Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” низ метавон саволи дар боло гузоштаро такрор кард. Яъне боз ҳам: чаро мо водор шудаем, ки чунин қонунро қабул кунем? Охир масъулияти волидайн дар тарбияи фарзанд, мисли ин ки як зуҳуроти табиӣ, зотӣ ва ногузир бояд бошад ва низ дар ягон кишвари дигар чунин қонун вуҷуд надорад. Ин ҷо албатта, ҷойи андеша аст ва пажӯҳиши онро ба мутахассисон вомегузорем.
Бояд гуфт, ки Қонуни номбурда низ бо ташаббус ва роҳнамоии Пешвои миллатаон ба вуқӯъ пайваста, гувоҳи ҳамеша дар сари андешаи беҳдошти рӯзгори мардум, беҳдошту беҳбудии кори таълиму тарбия будани Сарвари давлатамон аст. Ин ҳарду Қонун зуҳуроти бемисл дар таҷрибаи қонундории ҷаҳонанд. Онҳо танҳо дар кишвари мо қабул гардидаву амал менамоянд. Ва лозим аст, ки барои амалӣ шудани онҳо боз чораҳои иловагӣ ва ташвиқу тарғибот бурда шаванд. Беваҷҳ нест, ки ин ду қонунро Қонунҳои миллии мо унвон кардаанд.
Кишвари соҳибистиқлоли мо, диёри арҷманду куҳантамаддунамон дар замони Истиқлолияти давлатӣ пайваста ба боғистону гулистони биҳиштосо табдил меёбад. Имрӯзҳо ҳар гӯша, ҳар қитъаи замини он сабзу хурраму дилрабо мегардад. Ин шукуфоӣ дар ҳаёту рӯзгори мардум ҳам ба вуқӯъ мепайвандад. Чун Тоҷикистони азизи мо кишвари анъана ва ойинҳои неки оламшумул аст, ойинҳои неки миллии мо ҳар яке дарси адабу хирад ва гувоҳи маънавиёти баланди халқи соҳибтамаддуни мо мебошанд. Ойину суннатҳои неки миллии мо ҳам шабеҳи боғи хурраму сабзу дилкушо табъи мо, дили мо, ҳастии моро ҳамеша хуррам медоранд. Аммо ҳар боғе, ҳар гулистоне ниёз ба дасти ғамхору бобаракати боғбони худ, ниёз ба нигоҳубин, тоза кардан аз шохаҳои хушкидаву такдарахтҳои бемавридруста дорад ва Пешвои миллати мо, Президенти муҳтарамамон Эмомалӣ Раҳмон ҳамон боғбони заҳматкаш, бахосият ва некбин аст, ки ин боғ низ таҳти назорату мушоҳидаи зиракона ва нигҳубини ғамхоронаи ӯ қарор дорад ва аз баракати дастони ӯ пайваста сарсабзу хуррамтар мегардад.