Дар Суғд доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ корҳои таблиғотӣ ва силсиламулоқот гузаронида шуданд
ДУШАНБЕ, 06.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят дар якҷоягӣ бо шуъбаҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов бо сокинони маҳаллаҳои Ҷамоати деҳоти Сурх, Чоркӯҳи шаҳри Исфара, Ҷамоати деҳоти Патари шаҳри Конибодом, Ҷамоати деҳоти Хистеварз, Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Ҷамоати деҳоти Сомониёни ноҳияи Ҷаббор Расулов мулоқотҳо доир намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи мазкур.
Дар мулоқоту вохӯриҳо гурӯҳи кории Раёсат аз ҳисоби бонувони хизматчии шӯрои занони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд ва намояндагони шуъбаҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов иштирок намуданд.
Ҳадаф аз баргузории вохӯриҳои мазкур фаҳмонидани моҳият ва дарки қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ» арзёбӣ гардиданд.
Зимини мулоқот масоили вобаста ба пешгирии ҳодисаҳои номатлуби ҷомеа, бахусус хушунат дар оила, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, ҷинояту ҷинояткорӣ миёни занон ва ҷавонону ноболиғон, пешгирии омилҳои шомилшавӣ ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ, муқовимат ба савдои одамон, пешгирии пӯшиши сару либоси ба фарҳанги миллии мо бегона, худдорӣ аз шабгардию оворагардӣ ва сарфакорию зиёдаравӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ, даъвати ҷавонони баномус ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон пешгирии ҳодисаҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ баррасӣ шуданд.
Ин гуна силсиламулоқот дар навоҳии дигари вилоят идома доранд.
АКС: КҲФ ва МГ