Суди ноҳияи Файзобод Шобидин Табаровро барои риоя накардани қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ҷарима намуд
ФАЙЗОБОД, 26.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Суди ноҳияи Файзобод сокини деҳаи Арзановаи ҷамоати деҳоти “Ҷавонон”-и ҳамин ноҳия Шобидин Табаровро барои гузаронидани маъракаи «сол»-и модари марҳумаш бо додани таом бо моддаи 481-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, бо дастрасии моддаи 48, қисми 5-и Кодекси ҳуқуқвайронкунӣ нисбат ба ӯ ба андозаи панҷоҳ нишондиҳанда, баробар ба ду ҳазору нуҳсад сомонӣ ҷарима таъйин намуд. Дар ин бора раиси Суди ноҳияи Файзобод Бахтиёр Холиқзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Шобидин Табаров бар хилофи талаботи қисми 2-и моддаи 11-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бояд маросими «се», «чил» ва «сол» бе забҳи чорво ва додани таом баргузор карда шавад, ин маъракаро бо иштироки васеи ҳамсояҳою меҳмонони зиёд ва бо кушодани дастархону додани таом гузаронидааст.
Табаров Шобидин нафақахӯр буда, дар мақомоти дахлдор ҳамчун шахси камбизоат ба қайд гирифта шудааст. Номбурда оиладор ва соҳиби чор фарзанд мебошад. Ӯ дар мурофиаи судӣ гуфтааст, ки аз сабаби бохабар набудан аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ин қонуншиканӣ даст зада, аз кардаи худ сидқан пушаймон шудааст. Ӯ ҳамчун шахси камбизоат ва нафақахур аз суд хоҳиш кардааст, ки нисбаташ ҷазои маъмурӣ татбиқ нашавад. Судя ҳамаи ҳолатҳои сабуккунандаи қонун ва сидқан пушаймон шудани ӯро ба назар гирифта, нисбат ба ӯ ба андозаи панҷоҳ нишондиҳанда ҷарима таъйин намуд.