Дар Вазорати молия ҷиҳати татбиқи қонуни танзим ҷаласа доир шуд

Ноябрь 19, 2021 13:31

ДУШАНБЕ, 19.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 17 ноябр дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа доир шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» ба истинод ба Вазорати молия.

Дар ҷаласа муовини Вазири молия Карим Гулмуродзода зикр кард, ки қонуни мазкур тайи зиёда аз 14 соли амал дар самти танзими ҷашну маросим, беҳдошти рӯзгори мардуми мамлакат, пешгирӣ аз исрофкорию хароҷоти беҳуда, боло бурдани маърифати маъракаороии шаҳрвандон рисолати хешро анҷом дода истодааст. Дар гузаштаи начандон дур маросими динӣ ба зиёфатҳои пурдабдаба табдил ёфта, дастархони маъракаҳои азодорӣ аз хурсандӣ кам фарқ мекард. Ин боиси он мегардид, ки аксари  оилаҳои мусибатзада зери бори гарони қарз монанд.

Карим Гулмуродзода иброз дошт, ки мазмун ва муҳтавои қонуни мазкур аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми мамлакат,  мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳвандон зарари ҷиддӣ ворид менамояд, иборат аст.

Мутахассиси пешбари Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросими Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Сафарзода вобаста ба муқаррароти моддаи 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар иртибот ба баргузор намудани тӯйи домодию арӯсӣ ва зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур (16 июни соли 2008, 21 июли соли 2010 ва 28 августи соли 2017 ) маълумоти муфассал дод. Таҷрибаи татбиқи қонуни миллӣ исбот намуд, ки вобаста ба рушди ҷомеа ва ҳифзу ҳимояи манфиатҳои шаҳрвандон қонуни мазкур такмил дода шавад. Имрӯз дар аксари давлатҳои дунё аз ин таҷрибаи миллати тоҷик ба таври васеъ истифода мебаранд.

«Бешубҳа, метавон гуфт, ки натиҷаҳои мусбат ва судманди қонуни мазкурро ҳар фарди ҷомеа эҳсос намуда истодааст. Бо назардошти ҳолати зерин ба хулоса омадан мумкин аст, ки он пеш аз ҳама, барои ҷомеаи мутамаддини тоҷик ҷанбаҳои тарбиявиро рӯи кор овардааст»,-афзуд Диловар Сафарзода.

АКСҲО: Вазорати молияи ҶТ

Ноябрь 19, 2021 13:31

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Чаро маъракаҳои ҳоҷиталбон ҳолати худнамоишдиҳӣ гирифтаанд?
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои қонуншиканӣ вобаста ба вайрон намудани қонуни танзими анъана зиёд шудаанд
16 СОЛИ ПУР АЗ МАНФИАТ. Танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҳимияти он дар зиндагии сокинон
ТАНЗИМИ МАЪРАКАҲО — ОМИЛИ ЗИНДАГИИ БОСАОДАТ. Таҳти ин унвон дар шаҳри Левакант бо сокинон мулоқот доир гардид
Дар Суғд доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ корҳои таблиғотӣ ва силсиламулоқот гузаронида шуданд
Барои риоя накардани Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 358 парванда аз ҷониби судҳо баррасӣ гардид
Ҷаримаҳо барои риоя накардани талаботи қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим зиёд карда шуданд
Суди ноҳияи Файзобод Шобидин Табаровро барои риоя накардани қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ҷарима намуд
Дар 20 рӯз 9 ҳолати вайрон намудани муқаррароти қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим ба қайд гирифта шуд
Ба сокини шаҳри Турсунзода барои риоя накардани Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Точикистон» ҷарима таъйин гардид
Суди ноҳияи Файзобод: Суннат Гулов барои риоя накардани қонун ба маблағи 2750 сомонӣ ҷарима месупорад
ХУДНАМОӢ ДАР ИСТИҚБОЛИ НАВЗОД. Чаро мутасаддиён бетарафанд?