Лоиҳаи илмӣ-тадқиқотии «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд» аз соли 2018 мавриди амал қарор дода мешавад

Июль 26, 2017 17:14

ДУШАНБЕ, 26.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Устодон ва ходимони илмии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ду лоиҳаи илмӣ-«Энсиклопедияи идоракунии давлатӣ дар Тоҷикистон» (солҳои 2016-2020) ва «Масъалаҳои муҳими идоракунии давлатӣ, рушди хизмати давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тадқиқот бурда  истодаанд. Дар ин бора ректори  Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдулхолиқзода имрўз, 26 июл зимни нишасти матбуотӣ, ки дар Маркази матбуоти ҷумхуриявии АМИТ «Ховар» баргузор гардид, ба рўзноманигорон иттилоъ дод.

Ба саволи мухбири АМИТ «Ховар» дар бораи он ки лоиҳаи илмӣ-тадқиқотии «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд» кадом самти фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди омӯзиш қарор медиҳад, Лутфия Абдулхолиқзода чунин гуфт: «Дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи илмӣ-тадқиқотии «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд» таъсис дода шуда, аз ҷониби мақомоти дахлдор тасдиқ гардидааст ва  шуруъ аз соли 2018 мавриди татбиқ қарор мегирад.  Бояд тазаккур дод, ки паҳлўҳои гуногуни фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат  мавриди омўзиш қарор гирифтаанд, аммо аз ҷиҳати илмӣ-тадқиқотӣ аввалин маротиба ин кор аз ҷониби устодони Донишкадаи мо ба роҳ монда мешавад».

Дар самти идоракунии кадрҳои ҷавон Ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  чунин иброз дошт: «Соли равон аввалин донишҷӯёни мо донишкадаро хатм карданд ва  аксарияти онҳо пас аз хатм ва гузаштани таҷрибаомӯзӣ бо дархости ин ё он мақомот ба кор ҷалб карда шуданд».

Хамзамон зикр гардид, ки  30 декабри соли 2011 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи ташаккули Ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардидааст ва   тибқи он ҳамаи сохторҳои ҳокимияти маҳаллию давлатӣ бояд давра ба давра ба ин низом гузаранд.

«Пас аз қабул гардидани Консепсияи ташаккули Ҳукумати электронӣ   Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди худ мақсад гузошт, ки аввалин бор барои тайёр намудани мутахассисони дар ин раванд ба талабот ҷавобгӯ ихтисоси махсусеро бо номи «Амнияти иттилоотӣ» таъсис диҳад. Соли равон 25 нафар донишҷӯён бори аввал аз рӯи ин ихтисос Донишкадаро  хатм намуданд. Умед аст, ки онҳо дар татбиқи ин Консепсия саҳми босазо хоҳанд гузошт»,- гуфт Лутфия Абдулхолиқзода.

Июль 26, 2017 17:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд