«Оинаи таърих»- озмуни ҷумҳуриявии осорхонаҳо ҷамъбаст мегардад

Июль 29, 2017 10:55

ДУШАНБЕ, 29.07.2017. /АМИТ «Ховар»/  31 июли соли равон соати 16:00 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷамъбасти ботантанаи Озмуни ҷумҳуриявии осорхонаҳо таҳти унвони «Оинаи таърих» баргузор мегардад.

Озмуни мазкур бо ташаббуси Вазорати фарҳанг ва иштироки фаъолонаи осорхонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатии Тоҷикистон дар ду давр доир гардид.

Тавре аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, мақсад аз баргузории озмун баланд бардоштани мақому манзалати осорхонаҳо дар ҷомеа, беҳтар намудани мундариҷа ва сифати фаъолияти онҳо дар шароити нави иҷтимоӣ-фарҳангӣ, ҷалб намудани таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба мушкилоти соҳаи осорхонавӣ ва ба ин васила мусоидат ҷиҳати ободонӣ, таҳкими базаи моддӣ-техникӣ ва фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои шаҳрвандон дар осорхонаҳо буда, ҳадафи асосии он такмили шаклу услубҳо ва ба талаботи замони истиқлол мутобиқ гардонидани фаъолияти осорхонаҳои мамлакат, шиносоии ҳарчи бештари шаҳрвандон ба мероси пурарзиши ниёгон мебошад.

Ғолибони даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии осорхонаҳо «Оинаи таърих» аз ҷониби Вазорати фарҳанг бо мукофотҳои пулӣ, туҳфаҳо, инчунин бо ифтихорномаҳо ва нишони сарисинагии «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда мешаванд.

 

Июль 29, 2017 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид