Ғолибони «Асарҳои публисистӣ ва шеърҳо бахшида ба 20–солагии Рӯзи Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян шуданд

Июль 1, 2017 10:40

ДУШАНБЕ, 01.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. 30 июни соли 2017 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳо ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Асарҳои публисистӣ ва шеърҳо бахшида ба 20–солагии Рӯзи Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанг иттилоъ доданд, ҳайати ҳакамон бо роҳбарии Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим дар равияи  наср ба  муаллифон  Муҳтарам Ҳотам, Маҷид Салим, Ато Ҳамдам, Леонид Чигрин ва Шералӣ Мустафоқулов мукофотҳои Вазорати фарҳангро тақдим намуд.

Дар равияи назм шоирони шинохта Камол Насрулло, Гурез Сафар, Гулназар Келдӣ, Шаҳрия, Гулрухсор ва Муҳаммадалии Аҷамӣ ғолибият ба даст оварданд.

Қобили зикр аст, ки Вазорати фарҳанги кишвар қаблан барои муаллифони асарҳои назму насри тоҷик, ки дар тараннуми Ваҳдат асарҳои нав эҷод кардаанд, озмуни мазкурро эълон намуда буд ва муаллифон асарҳои худро то 1 июни соли 2017 ба Вазорати фарҳанг пешниҳод карданд.

Ғолибони озмун  иброз доштанд, ки минбаъд шоирону  нависандагони ҷавонро низ тарбия хоҳанд кард, то ҷавонон низ дар қатори адибони шинохта дар озмунҳо ғолибият ба даст оваранд.

 

Июль 1, 2017 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд