Ғолибони «Асарҳои публисистӣ ва шеърҳо бахшида ба 20–солагии Рӯзи Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 01.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. 30 июни соли 2017 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳо ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Асарҳои публисистӣ ва шеърҳо бахшида ба 20–солагии Рӯзи Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанг иттилоъ доданд, ҳайати ҳакамон бо роҳбарии Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим дар равияи наср ба муаллифон Муҳтарам Ҳотам, Маҷид Салим, Ато Ҳамдам, Леонид Чигрин ва Шералӣ Мустафоқулов мукофотҳои Вазорати фарҳангро тақдим намуд.
Дар равияи назм шоирони шинохта Камол Насрулло, Гурез Сафар, Гулназар Келдӣ, Шаҳрия, Гулрухсор ва Муҳаммадалии Аҷамӣ ғолибият ба даст оварданд.
Қобили зикр аст, ки Вазорати фарҳанги кишвар қаблан барои муаллифони асарҳои назму насри тоҷик, ки дар тараннуми Ваҳдат асарҳои нав эҷод кардаанд, озмуни мазкурро эълон намуда буд ва муаллифон асарҳои худро то 1 июни соли 2017 ба Вазорати фарҳанг пешниҳод карданд.
Ғолибони озмун иброз доштанд, ки минбаъд шоирону нависандагони ҷавонро низ тарбия хоҳанд кард, то ҷавонон низ дар қатори адибони шинохта дар озмунҳо ғолибият ба даст оваранд.








Аввалин сомонаи Феҳристи давлатии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар Тоҷикистон таҳия карда шуд
Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ нахустнамоиши «Бобоҷон Ғафуров» пешкаши тамошобинон мегардад
Дар деҳаи Қазноқи ноҳияи Рашт осорхонаи Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум бунёд карда мешавад
Сомонаи нави Ассотсиатсияи агентиҳои миллии иттилоотии кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии кишварҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Манзараҳои зебои табиати Тоҷикистон дар «Pakistan TV Digital» намоиш дода мешавад
Корҳои омодагӣ барои баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Ганҷинаи таърих ва фарҳанги тоҷикон» идома доранд
НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ. Бо ин мақсад бо ҷавонони фаъоли шаҳри Кӯлоб вохӯрӣ доир шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Душанбе ҳар ҳафта рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон баргузор мешаванд
Дар Китобхонаи миллӣ оид ба таҳияи Консепсияи илмии Конуни тамаддуни ориёӣ маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд
Иштирокдорони Конфронси чоруми оби Душанбе дар Қалъаи Ҳисор бо таърихи халқи тоҷик шинос шуданд
Дар Москва шоми ёдбуди Мирзо Турсунзода баргузор гардид






