Пагоҳ маросими расмии ифтитоҳи Намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии «Тоҷикистон -2017» баргузор мегардад

Июль 26, 2017 16:09

ДУШАНБЕ, 26.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз  27 то 29 июли соли равон дар шаҳри Душанбе  Намоишгоҳ-ярмаркаи универсалии байналмилалии «Тоҷикистон -2017» баргузор мегардад.

Тавре аз Палатаи  савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар намоишгоҳи мазкур бахшҳои сохтмон, энергетика, таҷҳизот барои соҳаи кӯҳканӣ, металлургӣ, саноати кимиё, соҳаҳои  кишоварзӣ, хӯрокворӣ, тандурустӣ, саноати сабук (таҷҳизот ва технология), сайёҳӣ, таҷҳизот ва технологияҳои истеҳсолӣ, соҳаи бонкӣ, молиявӣ ва  сармоягузорӣ муаррифӣ карда мешаванд. Дар кори намоишгоҳ ширкатҳои бонуфуз аз давлатҳои хориҷии дуру наздик ва инчунин ширкатҳои ватанӣ иштирок мекунанд.

Дар доираи намоишгоҳ 27 июл, соати 15-00 дар Муассисаи давлатии «Кохи Борбад»  баргузории ҳамоиши доираҳои соҳибкорон — иштирокдорони Намоишгоҳ-ярмаркаи универсалии байналмилалии «Тоҷикистон -2017»  ва 28 июл, соати 10-00  ҳамоиши  сеҷонибаи  доираҳои соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Беларус пешбинӣ шудааст.

Июль 26, 2017 16:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд