Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати фарҳанг, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолияти нимсолаи аввали соли ҷорӣ бо журналистон мулоқот мекунанд

Июль 20, 2017 11:36

ДУШАНБЕ, 20.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 21 июли соли 2017 дар Душанбе нишасти матбуотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Донишкадаи исломии Тоҷикистон баргузор мешаванд.

Нишасти матбуотии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти нимсолаи аввал соати 9:00 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 40) доир мегардад., Мулоқоти роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо намояндагони воситаҳои ахбори омма соати 11:00 дар бинои ВКД ҶТ таъйин шудааст.

Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон журналистонро ҷиҳати иштирок  дар нишасти матбуотӣ вобаста ба ҷамъбасти нимсолаи аввали соли 2017 ба бинои нозироти андозсупорандагони калон рӯзи 21 июл, соати 9:00 (ш. Душанбе, кӯчаи Шамсӣ 5/3) даъват кардааст.

Ҳамчунин пагоҳ 21 июл, соати 8:00 субҳ нишасти матбуотии Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам (Абу-ҳанифа) дар бинои Донишкадаи мазкур (ш. Душанбе, кӯчаи Шодмонӣ 58/1) ва нишасти матбуотии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон соати 11:00 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» (хиёбони Рӯдакӣ, 40) гузаронида мешаванд.

Мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 №АП-1729 вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои мамлакат баъд аз ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти шашмоҳа ва солона ҳар сол ду маротиба нишастҳои матбуотӣ баргузор карда, ба саволҳои намояндагони ВАО   посух медиҳанд.

Июль 20, 2017 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад